Раиси Мушовара, директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњури Тољикистон муњтарам Давлатзода Дилмурод Ашурбек доир ба муњтавои Паём сухан гуфта, ќайд намуданд, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, маҷмӯи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба баррасӣ гардида, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.
Аз назари мазмун ва муҳтавои умумӣ, Паёми имсолаи Пешвои миллатро таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар ва рушди бонизоми он метавон арзёбӣ намуд. Зеро дар он асосан ба маҳаки муҳими рушд, яъне ба иқтисодиёт аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст.
Дар доираи рўзномаи маљлиси Мушовара, барои шарњи васеи Паёми Пешвои миллат ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва баррасии супоришњое, ки љињати бењтар намудани сатњи зиндагии нафаќагирон ба соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа дода шудааст, сухан ба сардори Раёсати танзими кўмакпулињои иљтимої ва нафаќањои касбї Анварї Сарваршоњ дода шуд.
Дар баромади Анварї С. ќайд гардид, ки яке аз самтҳои муҳиме, ки дар Паём мавриди таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат қарор гирифт, масъалаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои соли 2020 ва дурнамои он мебошад. Дар баробари ёдовар шудан аз дастовардњои иќтисодиву иљтимої ва фарњангии кишвар, дар Паёми имсола ба масъалаи татбиқи амалии ҳадафҳои стратегӣ, ки омили асосии рушди давлат, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва обрӯи байналмиллалии Тоҷикистон мебошад, эњтимоми махсус дода шуд. Аз љумла, масъалаи саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳамчун ҳадафи стратегӣ маҳсуб меёбад, дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуд.
Масъалаи низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва таъмини устувори низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ низ дар Паём аз мавзӯҳои муҳиму асосї ба њисоб меравад. Дар ин робита зикр шуд, ки «буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки соли 2013 - ум 1 миллиарду 683 миллион сомониро ташкил карда буд, соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд мебошад. Ҳоло дар мамлакат 700 ҳазор нафар нафақахӯр, аз ҷумла 148 ҳазор маъюб, 5277 нафар ятими кулл ва 74 ҳазор ятим зери сарпарастии давлат қарор доранд. Соли ҷорӣ аз ҳисоби Буҷети давлат муассисаҳои пиронсолон ва маъюбон беш аз 36 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудаанд, ки ба ҳар як нафар 22 ҳазору 600 сомонӣ рост меояд».
Масъалаи расондани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, дар ҳама суханронӣ ва сафарҳои кориии Пешвои муаззами миллат ба шаҳру навоҳии кишвар, пеш аз ҳама ба дастгирии чунин қишри ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Масъалаи мазкур дар Паём дарҷ гардида, зикр шуд, ки «дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад».
Сарвари давлат зимни ироаи Паём, бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, супориш доданд, ки нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18-сола, инчунин, дигар гуруҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, ба онҳо дар асоси Қонун «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаи иҷтимоӣ таъин шудааст, аз 1 сентябри соли 2020-ум 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» муқаррар гардидааст, баробар карда шавад.
Њамзамон, љиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар, Пешвои муаззами миллат дастур доданд, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.
Дар мавриди шарњи супориши мазкур, Анварї С. иброз дошт, ки дар замина, ба маъюбони то синни 18 сола, инчунин дигар гуруњњои маъюбоне, ки кор намекунанд ва ба нигоњубин эњтиёљ доран ва ба онњо нафаќа дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» нафаќаи иљтимої таъин карда шудааст, нафаќаи онњо 50% зиёд карда мешавад ва андозаи онњо ба шарт ва меъёрњои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» баробар карда мешавад. Яъне, нафаќаи маъюбии кўдаки то синни 18 сола, агар ќаблан 180 сомониро ташкил медод, пас аз амалї гардидани супориши дар Паём дарљгардида, бо назардоште, ки њадди аќали нафаќа низ дар асоси супориши дар Паём ироагардида ба 207,0 сомонї баробар мегардад, андозаи нафаќаи он аз 1 сентябри соли 2020 ба бе аз 310,0 сомонї хоњад расид.
Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шавад». С.Анварї иброз дошт, ки њамаи мо шоњиди он будем, ки ин супориши Президенти кишвар чи гуна бо хушнудиву ќарсакњои бардавом аз љониби ањли толор ва тамоми сокинони кишвар пазируфта шуданд.
Дар фарљом, директори Агентї Давлатзода Д.А. баён намуданд, ки супориши Пешвои миллат дар Паёми рузи 26 декабри соли 2019, орзую умеди чандинсолаи нафаќагирони маъюберо амалї намуд, ки нафаќаи ночиз мегирифтанд. Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии беш аз 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад.
Дар ин раванд, моро зарур аст, ки аз имрўз ба тањияи санадњои меъёрии њуќуќии дахлдор шуруъ намоем ва барои бењтар намудани сатњи зиндагии ањолї ва иљрои сариваќтии дастуру супоришњои Асосогузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон тадбирњои заруриву њамаљониба андешем.