19.03.2021 || 18:25

Ҷамъомади тантанавӣ дар таҷлили ҷашни «Наврӯз»

Рўзи 19 марти соли 2021 дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бахшида ба иди байналмилалии «Наврӯз» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони дастгоњи марказӣ иштирок намуданд.

Дар оғоз директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон муњтарам Давлатзода Дилмурод Ашурбек кормандонро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрўз самимона табрику шодбош намуда, қайд гуфта, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавҳари инсонпарастии ин ҷашни ниёгонро таъкид намуда, гуфтаанд: «Ҷавҳари таърихиву фарҳангии Наврўз саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта ҳидоят менамояд».

Дар ҷараёни ҷашни тантанавӣ як қатор кормандони дастгоҳи марказӣ бо руҳияи идона барои боз ҳам хушу хотирмон гузаштани чорабинӣ дар васфи Наврӯзу баҳор бо шукргузорӣ аз фазои соҳибистиқлолии кишвар шеърњо хонданд. Њамчунин якчанд кормандони Агентї бо «Сипоснома»-и директори Агентї сарфароз гардонида шуданд.

Ҷашни Наврӯз ҳамасола дар Агентї бо анъанаҳои аҷдодӣ ва бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

38-1  38-2

38-3  38-4

38-5

Хонда шуд 281 маротиб

Дополнительная информация