29.03.2021 || 12:34

Баргузории вохӯрӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 ироа гардиданд

26 марти соли 2021 таҳти роњбарии директори Агентӣ мӯҳтарам Давлатзода Дилмурод Ашурбек маҷлиси корї оид ба иҷрои дастурҳое, ки дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии љумњурї» аз 26 январи соли 2021 дарљ гардиданд, баргузор гардид. Дар маљлис кормандони дастгоҳи марказӣ ва намояндагони сохторњои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Бо мақсади таъмини саривақтии иҷрои супоришњо тадбирҳо ва мӯҳлати иҷрои онҳо, аз ҷумла, тадбирҳои зарурӣ оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2021, №39 муҳокима карда шуданд ва нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии љумњурї» шунида шуд, тасдиќ карда шуданд.

Инчунин дар маҷлис санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурї љињати таҳияи лоиҳаи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи зиёд кардани андозаи нафаќаи маъюбї барои категорияњои алоњидаи нафаќахўрон» муҳокима карда шуданд.

Вобаста ба ин, лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои Агентӣ оид ба иҷрои супоришњо муҳокима карда шуда, љињати иљрои онњо ба раёсатњои дахлдори дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои тобеи Агентї дастуру супоришҳо дода шуданд.

39-1  39-2

Хонда шуд 201 маротиб

Дополнительная информация