06.10.2021 || 13:40

Эҳтиром ба забон – эҳтиром ба фарҳанг ва тамаддуни миллӣ

Иди забон дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон рўзи 5 сентябр бо шањомати хоса таљлил гардид.

Сухани ифтитоњиро директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Д.А. бо иќтибос аз суханони Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, ки дар яке аз табрикоташон бахшида ба Иди забон баён намуда буданд, оѓоз намуданд, ки: “Забони тоҷикӣ - ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон, инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад”. Дар идомаи сухан, директори Агентї муњтарам Давлатзода Д.А. ќайд намуданд, ки ба бахти мо, дар замони соҳибистиқлолӣ забони модарии мо мақоми давлатӣ касб намуда, барои фароҳам омадани таъмину таҳияи як қатор заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд. Имрӯз ин забон забони расмии нишастҳо ва коргузории вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо мебошад. Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш, эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, решаи дӯстии инсонҳоро ба вуҷуд меоварад.

Дар раванди љаласаи идона, кормандони Агентї дар васфи забону гиромидошти он ва ѓановатњое, ки аз ин забон ба љањониён мерос мондааст, суханњо гуфтанд ва рўнамоњо нишон дода шуд.

Хонда шуд 225 маротиб

Дополнительная информация