09.12.2021 || 15:36

Баҳисобгирии инфиродӣ яке аз самтҳои асосии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Дар доираи наќшаи машѓулиятњои идоравии хизматчиёни давлатии Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, бо маќсади баланд бардоштани сатњи дониши мутахассисон санаи 8 декабри соли 2021 дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятњои идоравӣ дар мавзӯи «Наќши бањисобгирии инфиродї дар соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа» баргузор гардид.

Дар хониши идоравї муќаррароти Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бањисобгирии инфиродї дар низоми суѓуртаи њатмии нафаќавї», аз љумла принсипњои ташкили бањисобгирии инфиродї дар низоми суѓуртаи њатмии нафаќавї, раванди пешнињоди њуљљатњои аввалия, муњтавои раќами мушаххаси суѓуртавї (РМС) ва дигар масъалањои муњими соња мавриди омўзиш ќарор дода шуд.

Баланд бардоштани сатњи дониш, таљриба ва мањорати кории кормандон аз вазифањои аввалиндараљаи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба њисоб рафта, дар ин самт, аз љониби роњбарияти Агентї пайваста тадбирњо андешида мешаванд.

 

08.12.2021

Хонда шуд 623 маротиб

Дополнительная информация