07.01.2022 || 15:32

Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамоем

Таъмини њифзи иљтимоии гуруњи осебпазири ањолї, татбиќи чорањо љињати баланд бардоштани сатњи зиндагонии ањолї равона карда шуда, яке аз масъалањои афзалиятноки давлат ба њисоб меравад.

Президенти Љумњурии Тољикистон борњо ќайд намуданд, ки ѓамхорї ва дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, пеш аз њама кудакони маъюб, ятим ва кудакони аз оилањои камбизоат бояд дар маркази тавваљуњи њамаи маќомоти давлатї бошанд.

Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дастуру супоришњои Сарвари давлатро сармашќи кори худ ќарор дода, дар арафаи Соли нави мелодии 2022 ба як ќатор бошандагони муассисањои иљтимоии кишвар ва шахсони алоњида кумакњои моддї таќдим намуд, аз љумла:

- ба мактаб-интернат барои кудакони ятим дар ноњияи Мастчоњи Куњии вилояти Сугд кумак расонида шуд (дар намуди харид ва таљњизотонидани 1 адад яхдон);
- ба Ташкилоти Љамъиятии “Нури ирфон” ва ба Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кудаки №1, ки дар парасториашон кудакони ятим доранд, мутаносибан 63 ва 40 туњфањои солинавї;
- ба пиронсолон, маъюбон ва оилањои камбизоат, кумак дар шакли мањсулоти хурока иборат аз картошка, пиёз, сабзӣ ва тухм расонида шуд.

Дасти ёрӣ дароз намудан ба нафарони ниёзманд аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ маҳсуб меёбад, ки дар ин замина Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон муваззаф гардидааст, ки дар оянда низ кумак ва дастгирии худро ба ин гуруњ шахсон анҷом диҳад.

60-1 60-2

Хонда шуд 1071 маротиб

Дополнительная информация