27.01.2022 || 16:13

Дар Агентӣ ҷаласаи Ташкилоти ибтидоии “Хайрия”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид

25 январи соли 2022 дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон љаласаи њисоботии Ташкилоти ибтидоии Њизби Халќии Демократии Тољикистон «Хайрия» доир гардид.

Дар љаласа мудири шуъбаи Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе Вализода Муњаммад, сармутахассиси Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Шоњмансур муњтарам Ќобилова Марљона, инчунин аъзои Ташкилоти ибтидоии «Хайрия» - кормандони Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољкистон иштирок намуданд.

Раиси Ташкилотии ибтидоии “Хайрия” Давлатзода Д.А. пас аз муаррифї намудани мењмонон ва иштирокчиён, дохил намудани масъалањои зеринро ба рўзномаи љаласа, пешнињод намуданд:
1. Интихоб намудани муовинони Раиси ташкилоти ибтидоии “Хайрия”.
2. Њисоботи љамъбасти оид ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии Њизби Халќии Демократии Тољикистон “Хайрия” дар соли 2021 ва вазифањо барои соли 2022;
3. Тасдиќи Наќшаи кории Ташкилоти ибтидоии “Хайрия” дар соли 2022;

Раиси ташкилоти ибтидоии “Хайрия” муњтарам Давлатзода Д.А. ба иштирокчиёни љаласа зарурати интихоби такрориро ба њайати роњбарикунандаи ташкилоти ибтидоии “Хайрия” бо таѓийротњо ва љобаљогузорињои кадрї дар давоми соли 2021 ва зиёд гардидани њаљми корї бинобар сабаби афзоиши шумораи аъзоёни њизб дар ташкилоти ибтидої, шарњ доданд.

Ба њайси муовинони Раиси ташкилоти ибтидоии “Хайрия” номзадии кормандони зерин пешнињод карда шуданд:
- Комилов Амиршо – муовини Сардори Раёсати кадрњо ва корњои махсус.
- Сатторов Фируз – Сардори Раёсати кумакпулињои иљтимої ва нафаќањои касбї.

Дар натиљаи овоздињї бо аксарияти овозњо номзадњои зикргардида ба њайси муовинони Раиси ташкилоти ибтидоии «Хайрия» интихоб гардиданд.

Љињати баррасии масъалаи дуюм оид ба натиљањои фаъолияти Ташкилоти ибтидоии “Хайрия” дар соли 2021, муовини Раиси ташкилоти ибтидоии “Хайрия” Комилов А. бо маъруза баромад намуд.

Сипас намояндаи Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Шоњмансур Вализода Муњаммад баромад намуда, ба иштирокчиёни љаласа оид ба сањмгузории њизбиён дар рушди бахшњои гуногуни мамлакат, дар бораи фазои сулњу ягонаги Ватанамон, дар бораи фидокорињои Раиси Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар рушду нумуи мамлакат ва сањми ў ба ноил шудан ба сулњу оромї ва ризоияти миллї хотиррасон намуд. Њамзамон Вализода М. ќайд намуд, ки мо бояд њушёрию зиракиро аз даст надињем, чунки душманони миллати тољик хоб нестанд ва фитнаю найранг ва роњњои мутташаниљ гардонидани вазъияти дохилии љумњурї ва минтаќањоро дар назар доранд. Намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Вализода Муҳаммад ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Хайрия» баҳо дода, пешравињои назаррасї ташкилотро дар самти ќабули аъзоёни нав, баргузорї ва иштироки фаъолона дар чорабинихои гуногуни њизбї дар сатхи шањри ва ноњиявї ќайд намуд.

Дар баромади худ сармутахассиси Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Шоњмансур Ќобилова М. ќайд намуд, ки ҳамчун самти афзалиятнок дар соли 2022 мо бояд иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулњу Вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикисто муњтарам Эмомалї Рањмон ба вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 зикр гардидаанд, дар мадди аввал гузошта, ҳозиринро ба муттаҳидшавӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои бузурги сиёсї даъват намуд.

Инчунин, ҳозирин нақшаи фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Хайрия»-ро барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор доданд, ки қабули он аз љониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардид.

Хонда шуд 777 маротиб

Дополнительная информация