19.03.2022 || 17:02

«Ҷашни иди Наврӯз»

19-уми марти соли 2022 дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бо иштироки роњбарияти Агентї чорабинии идона ба ифтихори «Иди Навнруз» баргузор гардид.

Ровиён бахшида ба «Иди Навруз» маљлиси тантанавиро кушода эълон намуда сухани ифтитоњиро ба директори Агентї Давлатзода Дилмурод Ашурбек доданд.

Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек дар суханронии худ оид ба таърихи хазорсолаи ҷашнгирии Иди Навруз ва таъсири он ба ташаккули фарҳангу маданияти миллатҳои тоҷикзабон, аз ҷумла инъикоси омилҳои илмию фархангии он дар асарҳои олимони бузурги тоҷикон Абу Али ибни Сино ва абурайхон Берунӣ ќайд намуда, ҳамзамон оид ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷаҳонӣ табдил додани Иди навруз суханронӣ намуда кормандони Агентиро аз ҷумла ҷавононро давъат намуданд, ки нигоҳдорӣ ва пойдории Иди байналмиллалии Наврузро, ки онро дар тамоми љањон љашн мегиранд, таъмин намоянд.

Инчунин директори Агенти боз якбори дигар хамаро самимонаву содиќона табрик намуда, ба онњо саломатї, хушбахтиву саодатмандї ва рўзгори ободу осуда орзу намуданд.

Њамзамон, мутобиқи ананаи љашни Наврузи хуљаспай хони наврузи аз љониби кормандони Агентї аз шањру ноњияњои вилояти Хатлон, вилояти Суѓд, шањри Душанбе ва шањру ноњияњои тоъбеи љумхурї ороста шуд.

Дар фарљоми барнома ќисми фарњангии идона баргузор гардида, саънаткорон бо раќсу суруд табъи њозиринро хушу болида намуданд.

05-01  05-02

Хонда шуд 882 маротиб

Дополнительная информация