21.09.2022 || 18:12

Ҷаласаи сайёри ғайринавбатии Ҳайати мушавараи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар н.Данғара

16 сентябри соли 2022 љаласаи сайёри ѓайринавбатии Њайати мушовараи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Данѓара бо иштироки намояндагони раёсату, шўъбањо ва ММБИ-и Раёсати Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа дар вилояти Хатлон доир гардид.

Дар љаласа, сардорони раёсат ва шуъбањои дастгоњи марказии Агентї иштирок намуда, фаъолияти кории сардорони раёсат ва шуъбањои Агентї дар вилояти Хатлон ва минтаќаи Кўлоб мавриди муњокима ќарор дода шудаанд.

Дар вилояти Хатлон ба њолати 1 июли соли 2022 манбаи андозбандї, яъне фонди музди мењнат аз њисоби ташкилотњои буљетї 846 877,6 њазор сомониро ташкил додааст, ки аз он андози иљтимоии (25%) 211 719,4 њазор сомонї ва сањмњои инфиродї (1%) 8 468,8 њазор сомониро ташкил намудааст. Ба њолати 1 июли соли 2022 баќияи ќарзи андози иљтимоии (25%) 62 057,3 њазор сомонї ва баќияи ќарзи сањмњои инфиродии (1%) 1 240,2 њазор сомониро ташкил додааст, ки нисбати аввали сол, њамагї ба 45,9 њазор сомонї кам гардидааст.

Инчунин ќайд карда шуд, ки дар вилояти Хатлон ба њолати 2 сентябри соли 2022 воридоти андози иљтиммоии (25%) аз њисоби ташкилотњои буљетї 284 244,0 њазор сомонї (наќша 280 475,2 – иљроиш 100,1%), корхонањои хусусї ва ѓайрибуљетї (20%) 219 503,4 њазор сомонї (наќша 226 571,05 – иљроиш 96,9%) ва сањмњои инфиродии суѓуртавї мутаносибан аз ташкилотњои буљетї (1%) 11 846,8 њазор сомонї (наќша 11 219,2 њазор сомонї - иљроиш 105,6%), аз корхонањои хусусї ва ѓайрибуљетї (2%) 18 171,7 њазор сомонї (наќша 22 657,2 њазор сомонї, иљроиш 80,2%) -ро ташкил намудааст.

Илова бар ин, дар љаласа лоињаи таъсисёбии ММБИ дар ноњияи Данѓара баррасї гардид ва пешнињод карда шуд, ки љињати такмили сохтори ин маркази навбунёд дар кутоњтарин муњлат таклифу пешнињодњо ба таври хаттї манзур карда шаванд. Њамзамон, бо маќсади шарњу тавзењоти ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 26 августи соли 2022, №419 “Дар бораи Тартиби њисоб ва пардохт аз маблаѓњои андўхти нафаќавї ба шахсони суѓурташуда” аз љониби Сардори ММБИ дар ШНТМ бо услуби слайд ба самъи иштирокчиён маърўза пешнињод гардид.

Дар интињои љаласа, раиси Њайати мушовараи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Дилмурод Давлатзода иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмонро, ки ба рушди соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа равона гардидаанд, вазифаи асосии њар як корманди Агентї арзёбї намуда, сардорони воњидњои сохтории Агентро дар вилояти Хатлон вазифадор намуданд, ки љињати истифодаи самаранок ва маќсадноки маблаѓњои буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, таъмини пурраи иљроиши ќисми даромади буљети суѓуртаи иљтимої, нафаќа ва нафаќаи андўхтї, таъмини нафаќаи касбї, маблаѓгузории сариваќтї ва риояи низоми моњ ба моњи пардохти талаботи нафаќа, сариваќт дар муњлати муќарраргардида баррасии мурољиатњои шањрвандон тадбирњои зарурї ва сариваќтї андешанд.

15-01  15-02

Хонда шуд 217 маротиб

Дополнительная информация