10.10.2022 || 17:20

Натиҷаҳоаи фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022 муҳокима ва ҷамбаст гардиданд

7 октябри соли 2022 маљлиси Мушовараи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бо иштироки аъзои мушовара ва Сардорони Раёсати Агентӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Дар љаласа сардорони раёсат ва шуъбањои дастгоњи марказии Агентї иштирок намуда, сардорони раёсат ва шуъбањои Агентї дар вилоят ва шањру ноњияњо, инчунин сардорони марказњои минтаќавии бањисобгирии инфиродї даъват шуданд, ки фаъолияти онњо бо сабабњои мухталиф мавриди муњокима ќарор дода шудаанд.

Ќайд гардид, ки дар давраи ҳисоботии соли 2022 ба буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа 2559,5 млн. сомонї ворид гардид, ки иҷрои найқша 97,6 фоизро ташкил медињад.

Мувофиќи натиљањои љамъбастгардида ба њолати 1 октябри соли 2022 теъдоди умумии нафаќагирон дар љумњурї 755 289 нафарро ташкил намудааст, ки нисбати њамин давраи соли гузашта 16 824 нафар ё 2,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо маќсади таъмини амалисозии сариваќтии Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 13 январи соли 2022, №312 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иљтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” тамоми сохторҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати аз 1 июли соли 2022 андозаи нафаќаи амалкунандаи нафаќагирони ятим ва ноболиѓон, ки бинобар мањрум шудан аз саробон ба онњо дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон” ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї” нафаќа таъин ва пардохт гардидаанд, нафақаашон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи муқарраргардидаи њадди аќали нафаќаи аз рўи синну сол зиёд карда шуд. Зиёдшавии нафақаҳо дар тамоми раёсатҳои Агентӣ ва Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳру ноҳияҳо амали гардида, ба ҳолати 1 августи соли ҷори 70 200 нафар ятим ва наболиғон, ки бинобар маҳрум шудан аз саробон нафақа таъин гардидаанд, пурра мавриди зиёдшавӣ қарор гирифта, андозаи миёнаи нафақаи онҳо аз 251,9 сомонӣ ба 324,24 сомонӣ баробар карда шуд.

Бо мақсади дар давраи минъбада пурра иљро гардидани вазифаҳои зиммаи ба Агентӣ вогузоршуда, раиси Мушовара Дилмурод Давлатзода иљрои дастурњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмонро, ки ба рушду соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа равона гардидаанд, вазифаи асосии њар як корманди Агентї арзёбї намуда, сардорони воњидњои сохтории Агентиро вазифадор намуданд, ки љињати истифодаи самаранок ва маќсадноку суроѓавии маблаѓњои буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, таъмини пурраи иљроиши ќисми даромади буљети суѓуртаи иљтимої, нафаќа ва нафаќаи андўхтї, таъмини нафаќаи касбї, маблаѓгузории сариваќтї ва риояи низоми моњ ба моњи пардохти талаботи нафаќа, сари ваќт дар муњлати муќарраргардида баррасии мурољиатњои шањрвандон тадбирњои зарурї ва сариваќтї андешанд.

Дар љамъбасти љаласа, вобаста ба истифодаи самаранок ва маќсадноку суроѓавии маблаѓњои буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, таъмини пурраи иљроиши ќисми даромаду харољоти буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа ва масъалањои бамиёномада, ќарорњои дахлдор ќабул карда шуд.

17-01

Хонда шуд 245 маротиб

Дополнительная информация