14.11.2022 || 09:25

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ баргузор гардид

11 ноябри соли 2022 дар бинои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ иборат аз мушовири БҶ Л.Ткаченко ва мушовири дафтари БҶ дар Тоҷикистон А. Раҷабов баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳамоҳангсози БҶ, мутахассиси ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ А.Сухова (тавассути видеоконфронс) низ иштирок дошт .

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Агентӣ директори Агентӣ Давлатзода Д.А., муовини аввали директор Абдураҳмонзода Ҷ.У. ва мудирони шуъбахо Д.Сайдуллозода, Д.Вализода иштирок намуданд.

Дар оғози вохӯрӣ директори Агентӣ Давлатзода Д.А. ба ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳамкориҳои чандинсола ва дастгирии раванди ислоҳот дар бахши иҷтимоӣ ва имкони баррасии мушкилоти мавҷуда ва нақшаҳои оянда изҳори сипос намуд.

Баъд мушовири БҶ Л.Ткаченко ҳозиринро дар бораи хулосаҳои асосӣ ва натиҷаҳои баррасии хароҷоти давлатӣ, ки гурӯҳи лоиҳаи БҶ омода кардааст, маълумот дод.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вазъияти молиявии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Агентӣ ва Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳо бо Агентӣ ва дастгири аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар идомаи ислоҳоти ҷоришаванда дар бахши суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нақши муҳимро иҷро менамояд, ва бо мақсади такмили низоми нафақа аҳамияти мавқеи Бонки Ҷаҳонӣ ва иштироки он дар шакли кумаки техники имконпазир мебошад,ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон бояд таъсир расонад.

Хонда шуд 626 маротиб

Дополнительная информация