15.11.2022 || 17:20

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Рӯзи 14 ноябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад, маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек ифтитоҳ бахшида, дар суханронии худ оид ба хизматҳои шоистаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самтҳои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар давраи баъди соҳибистиқлолии кишвар, пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд гардидани обрую нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ, инчунин пешбурди ташаббусҳои обӣ, ки дорои аҳамияти таърихию байналмилалӣ мебошанд, қайд намуданд.

Инчунин, директори Агентӣ, муҳтарам Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек аз хотираҳои худ дар бораи он, ки дар соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти ояндаи кишварро ба дӯш гирифта, ҷиҳати расидан ба сулҳ ва баргардонидани гурезагон ба ватани худ савганд қабул намуданро баён намуданд.

Директори Агентӣ ҳозиринро даъват намуданд, ки шахсияти таърихии Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун намунаи ибрат қабул намуда, дар рушди кишвар ва соҳаи иҷтимоӣ низ фидокорона фаъолият карда, ҷиҳати таъмини рушди соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба нафакагирон, инчунин баланд намудани донишу малакаи худ ва бо ҳамин роҳ тараққиёти устувори иҷтимоию иқтисодии кишварро таъмин намудан, саҳм гузоранд.

Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ Директори Агентӣ тамоми кормандонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳамагон сулҳу оромӣ, рӯзгори обод ва саодатмандии ҳамешагиро орзу намуданд.

Дар ҳотима бо иштироки хонандагони мактаби ҷумҳуриявии мусикии ба номи М.Атоев базми мусиқавӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагон тавассути қироати шеъру суруд ва рақсҳои ҷолиб фазои фаромӯшнашаванда ва беназири идонаро ба вуҷуд оварданд.

Хонда шуд 809 маротиб

Дополнительная информация