25.11.2022 || 14:38

Вохӯрӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 23-уми поябри соли 2022 дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон вохўрии кормандони Агентї таҳти роҳбарии муовини якуми директори Агентӣ Абдураҳмонзода Ҷ.У. бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон Назриён Василбек Қурбон баргузор гардид.

Маќсади вохўрии мазкур ин андешидани тадбирњои зарурї љињати бартараф намудани сабабу шароитњои ба ќонунвайронкунињои коррупсионї мусоидаткунанда ва масъалањои вобаста ба тањияи санадњои меъёрии њуќуќии дохилиидоравї тибќи ќонунгузории амалкунанда.

Дар рафти вохурї Назриён Василбек Қурбон баромад намуда, ба њозирин оид ба санадњои меъёрї-њуќуќии Љумњурии Тољикистон, аз љумла Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи муќовимат бо коррупсия», Кодекси Ҳуқуқвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2021. №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муќовимат бо коррупсия” маълумоти зарурї пешнињод намуд ва оиди дар амал тадбиқ намудани он ва роҳу воситаҳои пешгиринамудани ҳолатҳои коррупсиони тавсияњои муфид дод.

Њамчунин мавсуф иброз дошт, ки љумњурии мо ба шарофати Истиќлолияти давлатї ва Вањдати миллї дар тамоми љабњањои иќтисодиёту иљтимоиёт ба дастовардњои беназир ноил шуда бошад њам, имрўз иттињоду ягонагї, таъмини сулњу амният, худшиносиву ифтихори ватандорї, пешгирї намудани шомил гардидани љавонон ба гурўњњои ифротгаро ва экстремистї барои њар як фарди љомеаи мо аз њарваќта дида бештар зарур аст ва мо бояд зиракї ва ҳушёриро барои муқовимат ба онҳо пешаи кори худ қарор диҳем, инчунин ба саволҳои додашудаи ҳозирин посухҳои қаноатманд дода шуд.

Дар фарљоми вохўрии роҳбариятӣ Агентӣ (Абдураҳмонзода Ҷ.У.) ба намояндаи Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия Назриён Василбек Қурбон барои вохури ва маслиҳатҳои муфид изҳори қаноатманди баён намуданд.

Хонда шуд 972 маротиб

Дополнительная информация