08.02.2023 || 16:51

Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамбасти фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022

Санаи 7 феврали соли 2023 мутобиќи наќшаи гузаронидани нишасти матбуотї, ки дар асоси амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 тасдиќ гардидааст, дар бинои маъмурии Дастгоњи марказии Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон нишасти матбуотї баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотї, директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек, доир ба самтњои асосии фаъолияти Агентї дар соли 2022 ба намояндагони васоити ахбори омма маълумот дода, ба суолњои онњо љавобњои мушаххас, пешнињод намуд.

Директори Агентї ќайд намуданд, ки мувофиќи натиљањои љамъбасти пешакӣ дар соли 2022 ба Буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа аз њисоби андози иљтимої, ки ба андозаи 3 млрд 516,7 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, дар асл 3 млрд 532,6 млн. сомонї ворид гардидааст, ки 100,5 % наќшаро ташкил медињад ва пардохти нафақа пурра маблағгузорӣ карда шуда, айни замон дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби пардохти нафақа қарздорӣ вуҷуд надорад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо маќсади таъмини амалисозии сариваќтии Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 13 январи соли 2022, №312 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иљтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” тамоми сохторҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати аз 1 июли соли 2022 зиёд намудани андозаи нафаќаи амалкунандаи нафаќагирони ятим ва ноболиѓон, ки бинобар мањрум шудан аз саробон ба онњо дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон” ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї” нафаќа таъин ва пардохт гардидаанд, нафақаашон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи нафақаи заминавӣ аз рўи синну сол зиёд намудани андозаи нафақаи нафақагирони зикргардида, аз 1 июли соли 2022 нафақаи 70 200 нафар нафақагирони ятимони кул ва наболиғон, пурра мавриди зиёдшавӣ қарор дода андозаи миёнаи нафақаи онҳо аз 251,9 сомонӣ ба 324,24 сомонӣ баробар гардид.

Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 12.2022, № 597 “Дар бораи пардохт намудани кумаки яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ” барои пардохти кумаки яквақта ба 240323 нафар нафақагирони гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла гирандагони нафақаи иҷтимоӣ, маъюбон, кудакони ятим ва аз саробон маҳрумшуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 144,2 млн. сомонӣ маблағ тавассутӣ БДА “Амонатбонк” пардохт карда шуд.

Нишасти матбуотї дар фазои озоду дўстона баргузор гардид.

04-01

Хонда шуд 1277 маротиб

Дополнительная информация