07.03.2023 || 14:09

Маракаи имзорасонии «Созишномаи маъмурӣ байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия»

Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бо мақсади татбики Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа”, ки 15 сентябри соли 2021 ба имзо расонида шудааст, дар ҳамкорӣ бо Вазорати мењнат ва њифзи иљтмоии Федератсияи Россия ва вазорату идораҳои дахлдорӣ кишвар мунтазам татбирҳои зарурӣ меандешад.

Боиси хушнудист, ки санаи 03 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия якчанд санади муҳим ба имзо рисид, санадҳо дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин, ба имзо расонида шуданд.

Аз ҷумла, рузи 3 марти соли 2023 «Созишномаи маъмурї байни Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии Федератсияи Россия» аз ҷониби Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия ба имзо расонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки таҳия ва қабули Созишномаи маъмурї тибќи муќаррароти ќисми 1 моддаи 13 Шартномаи мазкур байни маќомоти ваколатдорї тарафњо пешбинӣ гардида, марбут ба раванди татбиќи Шартнома бояд ба имзо расонида шавад, ки дар он масъалањои тартиби њамкорињо бо таври возењу мушаххас инъикос карда шудааст.

Созишномаи маъмурї ба ислоњоти гузаронидашудаи дар соњаи таъминоти нафаќавї дар Федератсияи Россия шањрвандони Љумњурии Тољикистон пайвастагї дошта, љињати бартараф намудани холигии фазои њуќуќии муносибатњои њар ду кишвар, ки бинобар набудани муќаррароти мушаххас љињати ба низом даровардани самти суѓуртаи нафаќавї ва иљтимоии муњољирон ба назар мерасид равона гардидааст. Пас аз ба имзо расидани Шартнома байни Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи Россия оид ба њамкорї дар соњаи таъмини нафаќа њолати мазкур таѓйир дода шуда, инљониб тибќи ќонунгузории Федератсияи Россия онњо њангоми анљом додани фаъолияти мењнатї ва бо шарти супоридани андози иљтимої њуќуќ ба таъини нафаќа тибќи ќонунгузории Федератсияи Россия пайдо менамоянд.

Бо назардошти мавҷуд будани теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатии зодаи Тоҷикистон дар қаламравӣ Федератсияи Россия фаолияти меҳнатиро анҷом медиҳанд ва истиқомати доими доранд бо мақсади ҳимоя намудани ҳуқуқҳои онҳо дар самти таъминоти нафақа Шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа ба имзо расонидани Созишномаи маъмурӣ ба манфиатҳои миллӣ мутобиқ мебошад.

05-01

Хонда шуд 1423 маротиб

Дополнительная информация