Чорабиниро директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек ҳусни оғоз бахшида, нахуст ҳозиринро ба фарорасии иди баҳори нозанин – Наврӯзи Аҷам табрик намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки маҳз бо ташаббусу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни фархунда ва падидаи нодиру бузурги табиат, таҷассумгари рамзи рӯшноӣ ва тантанаи адолату накӯкорӣ – Наврӯз ҷаҳонӣ гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз баромадҳояшон таъкид намуда буданд, ки “Наврӯз, баёнгари рӯзи тоза, зиндагии навин ва эҳёи табиат баъд аз сардии зимистон мебошад. Наврӯз, ба ҷуз ин ки баёнгари рӯзи тоза мебошад, ифодаи паёми суруровар аз рӯҳи тоза, нафаси гарми табиат, эҳёи эҳсоси ишқу муҳаббат ба зиндагии тоза мебошад.
Воқеан, Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.
Дар охир директори Агентї бори дигар иштирокчиёнро ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ табрик намуда, ба ҳозирин хушбахтиву сарбаландӣ ва сарсабзиҳои наврӯзӣ орзу намуда ба як ќатор кормандони Агентї, ки сањми арзандаи худро барои иљрои вазифањои хизматї ва масъулияти касбї дар рушди амалигардонии соња бо «Ифтихорнома»-и Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон сарфароз гардонида шуданд.
Бањри болидахотирии њозирон барномаи љолиби консертї намоиш дода шуд.