Дар кори мизи мудаввар намояндагони идораҳои ваколатдори як қатор кишварҳои (ИДМ), аз ҷумла аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбакистон, Федератсияи Русия ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни мизи мудаввар масъалаҳои мубрами марбут ба таъмини ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо, шаклҳои ҳамкорӣ ва ҳамкорӣ барои ҳалли масъалаҳои ба миёномадаро баррасӣ намуданд.
Ҳайатҳои кишварҳои (ИДМ) дар суханронӣ ва маърӯзаҳои худ таҷрибаи худро дар ҳалли мушкилоти соҳаи иҷтимоӣ, усулҳои беҳсозии хадамоти давлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ иброз намуданд. Қайд карда шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо ба густариши ҳамкориҳои байни кишварҳои (ИДМ) ва афзудани имкони татбиқи таҷрибаҳо мусоидат намуд.
Мизи мудаввар дар вазъияти ошкоро ва дустона гузашт.
Дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои (ИДМ) муҳокима гардиданд.
7 апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи Ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.