05.11.2024 || 09:32

Ҷамомади тантанавӣ ба ифтихори 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рўзи 1- уми ноябри соли 2024 дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30 солагии қабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон баргузор гардиданд.

Чорабиниро директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек бо суханронии худ оғоз намуда, қайд карданд, ки си сол муқаддам дар кишвари мо тавассути райъпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид, ки маҳз ҳамин санад мардуми парокандаву ҷангзадаро ба ҳам оварда муттаҳид намудани миллатро иброз намуд.

Ҳамчунин, директори Агентии Давлатзода Дилмурод Ашурбек аҳамият ва нақши Қабули Конститутсияро дар соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ, ки бори аввал ин рӯ рӯйдоди тақдирсоз дар таърихи Тоҷикистон буд, қайд намуда, Конститутсияро ҳамчун баракати миллат муаррифӣ намуда, кормандони Агентиро ба таҳкими сулҳу садоқат ба Ватан ва ваҳдат даъват намуд.

Мўњтарам Давлатзода Д.А. аз суханони Асосгузори сулњу Вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба ањамияти Конститутсия дар рушду суботи кишвар иќтибосњо оварда, ќайд намуданд, ки Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдорӣ, ҳимояи манфиатҳои миллї ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Дар чорабинии мазкур кормандоне, ки дар фаъолияти меҳнатиашон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон барои болидагии кормандон барномаи фарҳангию фароғати ба муносибати рузи Конститутсия баргузор гардид.

Дар фарљоми љаласа директори Агентї тамоми кормандонро бо рузи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон табрик намуда ба онњо сулҳу оромӣ, файзу баракат ва хушбахтиву тансиҳатиро таманно намуд.

18-01

Хонда шуд 632 маротиб

Дополнительная информация