Намояндагии Бонки Осиёии Рушд ки дар он ҳайати зерин иштирок доштанд: Джон Бирн, иқтисодчӣ, ERDI, Айко Киккава, иқтисодчии калон, ERDI, БОР,Тин-Ин Линь, мутахассиси рушди бахши хусусӣ, CWPS/CWRD, АБР, Джаннат Салимова-Текай, Мутахассис оид ба рушди бозор, OMSF/OMDP, АБР, Шухрат Мирзоев, Иқтисодчии калон, Намояндагии доимӣ дар Тоҷикистон, CWRD, БОР;
Дар рафти мулоқот аз ҷониби Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Давлатзода Д.А. ба иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои мубрам, аз қабили такмили қонунгузории нафақа, рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба нафақахӯрон ва дигар масъалаҳои ба самтҳои фаъолияти Агентӣ вобастшуда, иттилоъ дода шуд.
Вохӯрӣ дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, аз ҷониби намояндагони Бонки Осиёии Рушд саволҳо доир ба соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пешниҳод гардид, ки аз ҷониби директори Агентӣ вобаста ба саволҳояшон посухҳои мушаххас дода шуд. Дар маҷмӯъ, вохурӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо суҳбатҳои хуб барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ сурат гирифт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ директори Агентӣ Давлатзода Д.А. ба намояндагии Бонки Осиёии Рушд изҳори сипос намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкориҳо минбаъд низ дар самти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа густариш хоҳанд ёфт.
Мулоқот дар фазои анъанавии дӯстона сурат гирифта, ҷонибҳо таваҷҷуҳи худро ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо тасдиқ намуданд.