ТАНТАНАИ НАВРӮЗ ДАР АГЕНТӢ
24 марти соли 2025 бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид.
Дар саҳни бинои Агентӣ гӯшаҳои наврӯзӣ ташкил гардида, дар онҳо унсурҳои Наврӯз – ҳафтсину ҳафтшин, таомҳои баҳорӣ, асбобҳои мардумӣ, сарулибоси миллӣ, гулдӯзиҳо, зарфҳои қадима ва дигар ашёҳои зарурӣ ба намоиш гузошта шуданд.