Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид Хон
25 март дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид Хонро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Тоҷикистон узви фаъоли Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошад ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи судманд бо кишварҳои аъзои он мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи мо қарор дорад”.