Низомномаи Агентӣ

Замимаи 1
Бо қарори ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, №151
тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ
АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОЪ ВА НАФАҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Агентӣ) ҳамчуни мақоми марказии ҳокимияти иҷроия барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, мустақилона ташаккул ва идора намудани буҷети суғуртаи иҷтимоӣ, маъмурикунӣ, пасандозкунӣ ва ҷойгиркунии саҳмҳои суғуртавӣ, пешбурди ҳисобномаҳои суғуртакунандагон ва шахсони суғурташуда, таъинот ва маблағгузории пардохтхои иҷтимой, назорат ба дурустии ҳисоб, таъинот ва пардохти онҳо ваколатдор мебошад.
Агентй дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи хатмии нафақавӣ», дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
3. Агентӣ ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроия фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд.
4. Маблағгузории фаъолияти дастгоҳи марказии Агентӣ ва воҳидҳои сохтории он дар асоси буҷети Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимон анҷом дода мешавад.
5. Маблағҳое, ки ба буҷети Агентӣ ворид мегарданд, тавассути таснифоти алоҳидаи буҷетӣ ба ҳисоб гирифта шуда, ба суратҳисобҳо дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, алоҳида аз маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.

2. ВАЗИФАҲО

6. Вазифаҳои асосии Агентӣ аз инҳо иборат мебошад:
- татбиқи сиёсати давлатии таъминоти иҷтимоӣ;
- иштирок дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, суғуртаи давлатӣ ҳатмӣ ва ихтиёрии иҷтимоӣ ва нафақавӣ;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини устувории молиявии низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва ҳатмии нафақавӣ;
- ташаккул ва иҷрои буҷети Агентӣ бо дарназардошти дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалиятҳо ва самтҳои нави сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва ҳатмии нафақавӣ;
- таъмини ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва воридоти саривактӣ ва пурраи саҳмҳои суғуртавӣ барои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ва нафақавии касбӣ;
- маблағгузории саривақтии ҳамаи намудҳон пардохтҳои суғуртавӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;
- ташкил ва пешбурди баҳисобгирии инфиродии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва нафақавии шахсони суғурташуда дар низоми cyғypтаи давлатии иҷтимоӣ ва суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- таъмини саривақтии таъинот, аз нав ҳисоб кардан, индексатсия ва пардохти нафақа, андӯхти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳо;
- огоҳ сохтани шаҳрвандон аз ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои онҳо ба воситаи телевизион, воситаҳои ахбори омма, сомонаҳои интернетӣ;
- аз рӯи дархости шахсони суғурташуда пешниҳод намудани иттилоот дар бораи ҳолати суратҳисобҳо;
- сармоягузории андӯхти нафақавӣ ва маблағҳои муваққатан озод;
- таъмини назорати дурустӣ ва саривақтии ҳисобӣ ва пардохт намудани саҳмҳои суғуртавӣ, ташкили кор ва андешидани чораҳо оид ба рӯёнидан ва пардохти қарзҳое, ки мӯҳлаташон гузаштааст;
- амалӣ намудани назорати дурустии таъинот, аз нав ҳисоб кардан ва пардохти нафақа, андӯхти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳо.
7. Агентӣ тибқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда корҳои зеринро иҷро менамояд:
- пешниҳодҳоро оид ба ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, суғуртаи давлатии ҳатмӣ ва ихтиёрии иҷтимоӣ ва нафақавӣ таҳия менамояд;
- лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, суғуртаи давлатии ҳатмӣ ва ихтиёрии иҷтимоӣ ва нафақавӣ таҳия менамояд;
- барои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиб гардидани конвенсияҳои байналмилалӣ ва дигар санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, суғуртаи давлатии ҳатмӣ ва ихтиёрии иҷтимоӣ ва нафақавӣ пешниҳодҳоро манзур намуда, оид ба иҷро гардидани муқаррароти конвенсияҳои тасдиқшуда, ҳар сол маърӯза омода менамояд;
- санадҳои меъёрӣ ва дастурҳои методиро мутобиқи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон содир менамояд;
- пешниҳодро оид ба мукаррар намудани тарифҳои андози иҷтимоӣ ва сахмҳои суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғурта таҳия намуда, ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод менамояд;
- ҳисоббаробаркунии актуариро мегузаронад;
- таъмини методӣ ва ташкили корҳоро оид ба ҷамъоварӣ, баҳисобгирии саҳмҳои суғуртавӣ, таъинот, аз нав ҳисоб кардан, пардохт ва дастрас намудани нафақа, андӯхти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳоро амалӣ менамояд;
- тартиби иҷрои назорати дурустӣ ва пардохти саривақтии саҳмҳои суғуртавӣ, таъинот, аз нав ҳисоб кардан, индексатсия ва пардохти нафақа, андӯхти нафақавӣ ва кумакпулиҳоро таҳия менамояд;
- таклифҳоро оид ба такмили низоми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ вобаста ба шароитҳои махсуси меҳнат таҳия намуда, назорати истифодабарии рӯйхати корҳоеро (касб ва вазифаҳо), ки ҳуқуқи ба нафақаи имтиёзнок баромаданро медиҳанд (пеш аз мӯҳлат), ташкил менамояд;
- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ташкили низоми суғуртаи ғайридавлатии нафақавӣ иштирок ва дар рушди минбаъдаи онҳо мусоидат менамояд;
- мувофиқи буҷети тасдиқнамудаи Агентӣ маблағгузории саривақтии пардохти нафақаҳои касбӣ, меҳнатӣ, суғуртавӣ, андӯхти нафақавӣ ва кумакпулиҳоро таъмин менамояд;
- қайди баҳисобгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки бояд ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва ҳатмии нафақавӣ фаро гирифта шаванд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амалӣ намуда, ба шахсони дигар рақамҳои мушаххаси суғуртавӣ ва шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (нафақавӣ) медиҳад;
- баҳисобгирии инфиродии шахсони суғурташударо анҷом дода, ҳисобномаҳои шахсии инфиродии онҳоро пеш мебарад;
- махзани ягонаи маълумотро оид ба суғуртакунандагон, шахсони суғурташуда ва нафақахӯрон пеш мебарад:
- ҷорн намудани технологияи муосири иттилоотиро барои ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории иттилоот, ки барои таъин ва пардохти нафақаҳои касбӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ, суғуртавӣ, андӯхти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳо зарур мебошанд, анҷом медиҳад,
- назоратро аз рӯи ҳисобӣ, пардохт, баҳисобгирии сахмҳо барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ амалӣ менамояд;
- таъин, аз нав ҳисоб кардан, индексатсия ва пардохти нафақаҳои касбӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ, суғуртавӣ, андӯхти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳоро ба шахсони суғурташуда, аз ҷумла ба кормандони мақомоти судӣ ва прокуратура амалӣ менамояд;
- сармоякунонии маблағҳои Агентиро амалӣ намуда, гузоштан ё ҷойгиркунии андӯхти нафақавӣ, сахмҳо барои суғуртаи нафақавии касбӣ ва маблағҳои муваққатан озодро ба коғазҳои қиматнок ва депозитҳо дар бонкҳои устувор ва босубот нигоҳ медорад;
- вазифаҳои идоракунии оперативии маблағҳо ва амволи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва ҳатмии нафақавиро анҷом медиҳад;
- баҳисобгирӣ ва назорати таъин, аз нав ҳисоб кардан, пардохти нафақаҳо, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва ҳатмии нафақавӣ пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон индексатсияи нафақаҳоро амалӣ менамояд;
- маблағгузории пардохтҳоро барои кӯмакпулии бекорӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» пешбинӣ намудааст, анҷом медиҳад;
- дар маблағгузории чорабиниҳо ҷиҳати солимгардонии меҳнаткашон, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» пешбинӣ намудааст, саҳм мегузорад;
- назорат ва санҷиши риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва ҳатмии нафақавӣ аз ҷониби суғуртакунандагон ва шахсони суғурташуда бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» анҷом медиҳад;
- дар кори комиссияҳои барҳамдиҳӣ иштирок менамояд;
- аудити дохилии Агентӣ ва воҳидҳои сохтории онро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- ба шаҳрвандон ва корфармоён оид ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо, тартиби ҷорӣ намудани баҳисобгирии инфиродии саҳмҳои суғуртаи шахсоне, ки дар низоми суғуртаи хатмии суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта шудаанд, маслиҳатҳо медиҳад;
- маблағҳои озодӣ суғуртаи ҳатмии иҷтимоиро (нафақавиро) идора мекунад;
- маблағҳои сармояи шартӣ ва ҳисобии нафақавӣ ва индексатсияи онро ба ҳисоб мегирад ва дивидендҳои суратҳисобҳои инфиродии шахсони суғурташударо дастрас менамояд;
- аз рӯи дархости шахсони суғурташуда, нусхаи маълумотнома ва дигар иттилоотро оид ба ҳисобҳои андӯхти инфиродӣ медиҳад;
- мутобиқи тартиби муқарраргардида, баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи оморӣ мебарад ва барои дурустии онҳо масъул мебошад;
- шаҳрвандонро қабул менамояд, баррасии пурра ва саривақтии муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандонро таъмин менамояд, вобаста ба онҳо қарорҳо қабул намуда, ба шаҳрвандон дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чавобҳо ирсол менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоро ҷиҳати пуррагардонӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки дар раванди фаъолияти Агентӣ ҷамъ шудаанд, амалӣ менамояд;
- ҷиҳати интихоби муассисаҳое, ки хизматрасонии худро барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо пешниҳод менамоянд, тендерҳо мегузаронад;
- таъин ва аз нав ҳисоб кардан и нафақаҳоро дар асоси маълумоти баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва ҳатмии нафақавӣ амалӣ менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони инфиродӣ кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ таъин ва пардохт менамояд;
- ҳамкории иттилоотиро бо мақомоти андоз оид ба масъалаҳои бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», пардохти андози иҷтимоӣ, бақияпулиҳо, карзҳо ва барҳамдиҳӣ бо мақсади баҳисобгирии ҳуқуқҳоӣ иҷтимоӣ ва нафақавии шахсони суғурташуда ва ба онҳо таъин намудани пардохти иҷтимоиро ба роҳ мемонад;
- ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи давлатии ҳатмӣ ва ихтиёрии иҷтимоӣ ва нафақавӣ амалӣ менамояд;
- вазифаҳои мақоми ваколатдори давлатиро, ки бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассотсиатсияи байналмилалии фондҳои иҷтимоӣ ва нафақавӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ вобаста аст, иҷро менамояд,
- назорати татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ, ки ба салоҳияти Агентӣ вобаста аст, таъмин менамояд;
- корҳоро оид ба гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ, курсҳои таълимӣ, татбиқи лоиҳаҳои мусоидати техникӣ дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва ҳатмии нафақавӣ ташкил менамояд.

3. ҲУҚУҚҲО

8. Бо мақсади амалӣ намудани ваколатҳои худ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, Агентӣ ҳуқуқ дорад:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Агентӣ вобаста буда, мавриди санҷиш қарор диҳад;
- аз шахсони мансабдори суғуртакунандагон ва соҳибкорони инфиродӣ рафъи вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи пардохти саҳмҳои суғуртавӣ ва хароҷоти ин маблағҳо ҷиҳати пардохти нафақа, андӯхти нафақавӣ, кӯмакпулиҳо ва ташкили солимгардонӣ талаб намояд;
- аз даромади маблағҳои муваққатан озод ва дигар даромадҳо фонди захиравӣ ва суратҳисоби махсуси ҳавасмандгардонӣ таъсис диҳад;
- даъво пешниҳод намояд ва дигар тадбирҳои ҳуқуқӣ андешад;
- мутобиқи тартиби муқарраргардида дар ҳамкориҳои байналмилалӣ ширкат варзад, таҷрибаи хориҷиро дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавии шаҳрвандон омӯзад ва истифода барад;
- барои кор ё ҳалли масъалаҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Агентӣ ташкилотҳои илмӣ ва дигар муассисаҳо, олимон, коршиносон, мутахассисон ва мушовиронро ҷалб намояд;
- аз дигар мақомоти давлатӣ (ба таври ройгон) маълумотро барои ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти Агентӣ вобастабуда, дархост ва талаб намояд;
- масъалаҳоеро, ки ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Агентӣ дахл доранд, дар доираи салоҳияти худ шарҳ диҳад;
- роҳбарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти воҳидҳои сохтории Агентиро амалӣ намояд;
- мутобиқи тартиби муқарраргардида озмунҳо гузаронад ва барои иҷрои фармоиш ҷиҳати таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, барои гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, аз ҷумла барои таъмини эҳтиёҷоти Агентӣ қарордодҳои давлатӣ ба имзо расонад;
- мақомоти ҳамоҳангсозӣ ва машваратиро (шӯроҳо, комиссияҳо ва гурӯҳҳои машваратӣ) дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкил диҳад;
- таълим ва такмили тахассуси кормандони Агентиро ба роҳ монад;
- оид ба санадҳои вайрон намудани қонунгузории суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, иҷро накардани дастурҳои Агентӣ, ба суд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба роҳбарон, шахсони мансабдор ва кормандони масъули суғуртакунандагон муҷозотро истифода барад;
- тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки хусусияти маҳдудкунанда ва пешгирикунанда дошта, ба роҳ надодан ё бартараф намудани вайронкунии талаботи ҳатмӣ дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва ҳатмии нафақавӣ, инчунии бартараф намудани оқибатҳои вайронкуниҳои дар боло зикрёфта равона шудаанд, андешад.

4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ

9. Агентиро Директор роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
10. Директор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.
11. Директори Агентӣ ду муовин, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки онҳо бо пешниҳоди Директор аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Шумораи муовинони Директори Агентӣ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
12. Дар Агентӣ ҳайати мушовара иборат аз Директори Агентӣ (раиси ҳайати мушовара), муовинони ӯ (аз рӯи вазифа) ва дигар кормандони роҳбарикунандаи дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентӣ ташкил карда мешавад. Аъзои ҳайати мушовара, ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа ба ҳайати он дохил мешаванд, аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
13. Директори Агентӣ:
- манфиатҳои Агентиро дар мақомоти ҳокимияти давлати ҳимоя мекунад ва роҳбарии умумии фаъолияти Агентиро амалӣ месозад;
- дар доираи ваколатҳои худ фармоишҳо содир менамояд ва супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва сохторҳои маҳаллии он ҳатмӣ мебошанд;
- вазифаҳоро байни муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ тақсим мекунад;
- оид ба нақшаи идоракунӣ ва сохтор, шумораи ниҳоӣ ва фонди музди меҳнати кормандони Агентӣ ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур менамояд;
- дар мӯҳлатҳои муқарраргардида нақша ва нишондиҳандаи фаъолияти Агентӣ, инчунин ҳисобот оид ба иҷрои онҳоро ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- басти кории дастгоҳи марказии Агентӣ ва воҳидҳои сохтории онро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, нархномаи хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи Агентӣ ва воҳидҳои сохтории онро дар доираи маблағҳои Буҷети давлатии барои давраи дахлдор пешбинишуда, тасдиқ мекунад;
- низомномаҳо оид ба воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ ва мақомоти маҳаллии Агентӣ ва нақшаҳоро тасдиқ менамояд;
- оид ба эълони озмунҳо ҷиҳати ишғоли мансабҳо дар дастгоҳи марказии Агентӣ ва воҳидҳои сохтории он қарор қабул мекунад, роҳбарон ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Агентиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- роҳбарони мақомоти минтақавии вилояти, ноҳиявӣ за шаҳрии Агентиро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва нисбати шахсони зикршуда муҷозоти интизомӣ татбиқ мекунад ё онҳоро ҳавасманд мегардонад;
- нархномаи хароҷоти мақомоти маҳаллии Агентиро дар доираи маблағҳои буҷети дар давраи дахлдор ва дигар маблағгузориҳо, ки дар Буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои молиявӣ пешбинӣ шудааст, тасдиқ менамояд;
- фармоишу амрҳо мебарорад, дастурамалҳо, меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳоеро, ки иҷрои онҳо аз ҷониби ҳамаи кормандони дастгоҳи марказӣ ва мақомоти маҳаллии Агентӣ ҳатмӣ мебошад, тасдиқ, инчунин назорат ва иҷрои онҳоро таъмин мекунад;
- нақшаи кори ва нишондиҳандаи фаъолияти мақомоти маҳаллии Агентиро тасдиқ мекунад, инчунин ҳисоботҳоро оид ба фаъолияти онҳо баррасӣ менамояд;
- ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил, азнавсозӣ ва барҳам додани мақомоти маҳаллии Агентӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- ба ташкилотҳои низоми Агентӣ супоришҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;
- қарорҳои ба қонунгузорӣ ва меъёрҳои муқарраргардида ихтилофдоштаи ташкилотҳои низоми Агентиро бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани қарорҳо тибқи қонун муқаррар нашуда бошад;
- тибқи қонунгузорӣ масъалаҳои мукофотонидани кормандони Агентӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории поёнии Агентӣ ва ташкилотҳои низоми он, иловапулиҳо ба музди меҳнати вазифавии кормандонро муқаррар менамояд, барои дастовардҳои меҳнатӣ, тибқи тартиби муқарраргардида, ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
- Агентиро дар муносибатҳои мутақобила бо ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Агентӣ дахлдошта, намояндагӣ мекунад;
- ӯҳдадориҳои вазифавӣ ва дараҷаи масъулияти муовинони худ, кормандони Дастгоҳи марказӣ, роҳбарони раёсат, шӯъба ва бахшҳои вилоятӣ ва шаҳриро муайян менамояд;
- ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои кӯтоҳмӯҳлат ва миёнамӯҳлатро оид ба талаботи зарурии маблағҳо ҷиҳати маблағгузории пардохти нафақаҳо, андӯхти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ пешниҳод менамояд.
14. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, штамп ва варақаҳои намунаи тасдиқгардида мебошад.
15. Маҳалли ҷойгиршавии дастгоҳи марказии Агентӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад-71 мебошад.

 

 

 

Замимаи 2
Бо қарори Хукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, №151
тасдиқ шудааст

СОХТОРИ
ДАСТГОХИ МАРКАЗИИ АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚАИ НАЗДИ ХУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • Роҳбарият
  • Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
  • Раёсати буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳисоббарии актуарӣ
  • Раёсати таъинот ва назорати пардохти нафақа
  • Раёсати баҳисобгирии инфиродӣ ва нафақаи андӯхтӣ
  • Раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявӣ
  • Раёсати танзими кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва нафақаҳои касбӣ
  • Раёсати молия ва ҳисобдории марказонидашуда
  • Раёсати корҳо
  • Раёсати технологияҳои иттилоотӣ
  • Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
  • Шӯъбаи ҳуқуқ

 

 

Замимаи 3
Бо қарори Хукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, №151
тасдиқ шудааст

НАҚШАИ
ИДОРАКУНИИ АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • Дастгоҳи марказӣ
  • Раёсатҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе
  • Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ
  • Раёсату шӯъбаҳои шаҳрию ноҳиявӣ

Дополнительная информация