Ҷойҳои кории холӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:
Сармутахассиси шуъбаи мониторинг ва таҳлили актуарию омори суғуртавии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ -1571,95.
Сармутахассиси шуъбаи иҷроиши буҷет, баҳисобгирии муҳосибӣ ва хизматрасонии маъмурию хоҷагидории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ -1571,95.
Сармутахассиси шуъбаи коркарди суратҳисобҳои Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе,1 ҷой, маоши мансабӣ -1571,95.
Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ -1497,45.
Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, 1ҷой, маоши мансабӣ -1497,45.
Сармутахассиси шуъбаи хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, 1 ҷой, маоши мансабӣ -1497,45.
Мутахассиси пешбари (технологияҳои иттилоотӣ) бахши ҳуқуқ, корҳои кадрӣ ва коргузории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ -1170,30.
Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ -1170,30.
Мутахассиси пешбари бахши хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112,20
Мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, 1 ҷой, маоши мансабӣ -1112,20.
Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ -1112,20.
Мутахассиси пешбари бахши хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ,1 ҷой, маоши мансабӣ -1112,20.
Мутахассиси шуъбаи бақайдгирии шахсони воқеии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе, 1ҷой, маоши мансабӣ -962,80.
Мутахассиси шуъбаи таъини қисми суғуртавӣ ва нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе -962,80.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳиҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома азҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38 УЕ;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- маълумотнома аз ВКД дар бораи доғи судӣ;
- маълумотнома (справка-объективка).
Талаботи тахассусӣ:
Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Нишонаи қабули ҳуҷҷатҳо: ш. Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ 103 "А"; тел. 233-81-02, 233-81-07.
Қабули ҳуҷҷатҳо: 21 рӯз пас аз чопи эълон.