Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд
Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 20.03.2025
Ҳамватанони азиз!
Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.
Орзумандам, ки рӯзу рӯзгоратон аз файзу баракати ин ҷашни зебои табиат ҳамеша пур аз шодиву нишот бошад.
Наврӯз ҷашни бузурги миллии мо – тоҷикон ва оғози соли нави аҷдодӣ аст, ки ба пешвози фарорасии он табиат ва тамоми мавҷудоти олам эҳё мешавад ва дар ҷону руҳи инсонҳо умед ба зиндагӣ ва дӯст доштани он дигарбора зинда мегардад.
Яъне Наврӯз айёми гузариш ба фасли нави зиндагӣ, пирӯзии гармӣ бар сардӣ, ҷашни равшанӣ ва нур, дӯстиву муҳаббат, шодиву хурсандии ҳамагонӣ ва шукуфтани орзуҳо мебошад.