Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

РАҚАМИКУНОНИИ СОҲА ДАР АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

25 июн 2025, Чоршанбе
87
Дар замони ҷаҳонишавӣ рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ беш аз пеш ба технология, рақамикунонӣ ва навовариҳо такя мекунад. Бо дарназардошти ин, Тоҷикистон низ дар роҳи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Дар ин росто, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳнамову сармашқи кори худ медонад, зеро рақамикунонӣ ба бунёди ҳукумати электронӣ дар ҳама самтҳо нақши калидӣ дорад.

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАМОС
Агентӣ тибқи имкониятҳои молиявӣ ва иқтидори меҳнатӣ аз аввали соли 2025 масъалаи рақамикунонии соҳаро оғоз намуд, ки иқдоми самаровар маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ 25 – уми июни соли равон ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои мақомоти мазкур Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагиронро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Зимни ифтитоҳи Марказ Абдураҳмон Ҳалимзод - директори Агентӣ, Дилмурод Давлатзода - собиқадори соҳа, Мералӣ Бодуршозода - муовини директори Агентии иннноватсия ва технологияҳои рақамӣ, инчунин кормандони Марказ иштирок намуданд. Маркази тамос бо технологияҳои муосир таъмин буда, дар он беҳтарин мутахассисони ҷавон, ки аксарияташон хатмкардаи муассисаҳои олианд, ба кор ҷалб гардидаанд.Марказ дар асоси нишондоди Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (аз 28 - уми декабри соли 2024), дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025 – 2030) ва ташаббусҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири вусъати рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ таъсис ёфт. Ин тадбир шаҳодати тақвияти равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи муассири имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар соҳа мебошад.
Марказ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ, бобати қонеъ гардондани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасонӣ, расондани ёрӣ ва тавсия ба шаҳрвандон, маъюбон, пиронсолон, маҳрум гардидан аз саробон, баррасии мушкилиҳои шаҳрвандон ҳангоми муроҷиат дар асоси қонунҳои соҳавии низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин, дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории нафақа ва рушди соҳа фаъолиятро ба роҳ мемонад.
Тамос бо Марказ тавассути рақами кутоҳи 3900 имконпазир буда, ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон тавассути телефони мобилӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъини нафақа аз рӯи маъюбӣ, синну сол, маҳрум шудан аз саробон ва пас аз таъин гардидани нафақа идома додани фаъолияти меҳнатӣ, пешниҳоди ҳуҷҷат барои бозҳисобии нафақа аз ҷониби операторони Марказ пурра ва сари вақт посух дода мешавад.
 
Ҳамзамон, аз тарафи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барномаи “Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон” таҳия гардидааст, ки барои пешбурди пардохти нафақа ба таври автоматӣ тавассути Корхонаи воҳиди давлатии бонки амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” аз моҳи марти соли 2025 дар доираи лоиҳаи таҷрибавӣ пардохти муттамаркази нафақаро дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав ва ноҳияи Файзобод роҳандозӣ намуд. Тибқи нақша, Агентӣ тасмим гирифтааст, ки то моҳи сентябри соли 2025 дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро ба пардохти автоматикунонии нафақа тавассути КВД БА ҶТ “Амонатбонк” пайваст намояд.
Инчунин, оид ба сари вақт гирифтани маълумот дар бораи шаҳрвандони фавтида Агентӣ якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода, чорабиниҳои ташкилию техникӣ ва методии зарурӣ гузаронд. Дар ин раванд, барои табодули маълумот бо дигар мақомот тавассути барномаи "Пули ҳушманд" (Smart Bridge) миёни Агентии суғурати иҷтимоӣ ва нафақа, Агентии иннноватсия ва технологияҳои рақамӣ хати нурии баландсуръат барқарор шуд. Тавассути барномаи (Smart Bridge) корҳо оид ба автоматикунонии қабули маълумот дар бораи фавти шаҳрвандон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати адлия амалӣ гардида, бақайдгирӣ ва муайян намудани далели фавти шаҳрвандон ба таври автоматикӣ боздошт ва қатъ намудани пардохтҳои нафақа ба роҳ монда шуд.

Пас аз гузарондани санҷишҳои таҷрибавӣ тавассути системаи мубодилаи иттилоотии байниидоравӣ сабти шаҳрвандони фавтида бомуваффақият ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа интиқол ёфт, ки барои соҳа аҳамияти калон дорад. Ин барои фавран боздоштани пардохти нафақа имкон медиҳад ва мушкилоте, ки солҳои зиёд дар самти сари вақт қатъ намудани пардохти нафақа пас аз фавти нафақагир идома меёфт, аз байн хоҳад рафт.
Ҳадафи роҳандозии чунин иқдомҳо барои рушди соҳа ниҳоят муҳим буда, ҷиҳати беҳтарсозии раванди кор бо ҳуҷҷатҳои электронӣ нақши бориз дорад. Ин дар ҳолест, ки Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамасола дар асоси ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои махсуси фаъолиятро таҳия намуда, ҷиҳати татбиқи онҳо чораҳои мушаххасро амалӣ месозад.