Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

МУОВИНИ ДИРЕКТОР - Ҷалолзода Фирдавс Маҳмадмурод

133

Соли таваллуд: 13 декабри соли 1987
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 2010 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон шаҳри Душанберо бо ихтисоси муҳандис, соли 2021 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтери таҳлил ва аудит хатм кардааст.

Солҳои 2010-2011 Мутахассиси Сарраёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон
Солҳои 2011-2012 Мутахассиси бахши ҳифзи иҷтимои ва таҳлилу иттилоотии Сарраёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон
Солҳои 2012-2013 Мутахассиси Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон
Солҳои 2013-2014 Сармутахассиси Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Вахш
Соли 2014 (04-06) Сармутахассиси Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Вахш
Солҳои 2014-2015 Сармутахассиси шуъбаи таъинот ва пардохти нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии бахисобгирии инфиродии шаҳри Қурғонтеппа
Солҳои 2015-2017 Мудири бахши баҳисобгирии инфиродии Маркази минтақавии бахисобгирии инфиродии шаҳри Қурғонтеппа
Солҳои 2017-2018 Сармутахассиси Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Вахш
Солҳои 2018-2019 Мудири бахши Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш
Солҳои 2019-2020 Сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб
Солҳои 2020-2021 Сардори Раёсати корҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2021-2024 Сардори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Аз 15 апрели соли 2024 то ҳол Муовини Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон