Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Ҳуқуқи гирифтани нафақа

11 июл 2025, Ҷумъа
176

1.Тибқи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол барои мардҳо ҳангоми расидан ба синни 63 ва барои занҳо ҳангоми расидан ба синни 58 аз рӯи шартҳои зерин таъин карда мешавад:

- Иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба пардохти саҳмҳои суғуртавӣ аз ҷониби суғуртакунандаҳо (корфармоён), бевосита аз ҷониби худи шахсони суғурташаванда ё ба ҷои онҳо;

- Мавҷуд будани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ барои мардҳо ва на камтар аз 240 моҳ барои занҳо.

2.Ба шахсоне,ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд ва доимӣ истиқомат мекунанд, нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол таъин карда мешавад:

- ба мардҳо пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;

- ба занҳо пас аз расидан ба синни 48 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ.

3. Ба нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо истифодаи имтиёзҳо шахсони зерин ҳуқуқ доранд:

А) шахсоне,ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд:

- мардҳо пас ахз расидан ба синни 58 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ ва на камтар аз 120 моҳи он дар ноҳияи Мурғоб;

- занҳо пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ ва на камтар аз 96 моҳи он дар ноҳияи Мурғоб;

Б) шахсони гирифтори касалиҳои нанизми гипофизарӣ(лилипутҳо) ва паканаҳои номутаносиб:

-мардҳо пас аз расидан ба синни 48 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;

- занҳо пас аз расидан ба синни 43 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ;

В) маъюбони гурӯҳи 1 аз рӯи биноӣ:

- мардҳо пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ;

- занҳо пас аз расидан ба синни 43 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 120 моҳ;

Г) иштирокчиёни рафъи оқибатҳои садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил:

- мардҳо пас аз расидан ба синни 58 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ;

- занҳо пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;

Д) занҳое,ки 5 ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8 тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб доранд ва ӯро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ доштан ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пас аз расидан ба синни 53 доранд;

Е) занҳое,ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор ва доимӣ истиқомат карда, 5 ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8 тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб дошта, ӯро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ доштан ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пас аз расидан ба синни 43 доранд.