Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Нафақаҳои суғуртавӣ

11 июл 2025, Ҷумъа
149

Нафақаи суғуртавӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба таври доимӣ дар ҷумҳурӣ истиқоматдошта,ки дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудаанд, таъин ва пардохт карда мешавад. Яъне, шахсоне,ки дар ташкилоту муассисаҳои новобаста аз шакли моликияташон кор мекунанд ё машғул ба кори соҳибкори мебошанд ва дар вақти фаъолияти кориашон саҳмҳои суғуртаи иҷтимоиро пардохт намуданд нафақаи суғуртавӣ таъин карда мешавад. Пардохти саҳмҳои суғуртавӣ барои нафақаи суғуртавӣ ҳатмӣ буда, аз ибтидои фаъолияти меҳнатӣ оғоз мегардад. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол барои мардҳо ҳангоми расидан ба синни 63 ва барои занҳо ҳангоми расидан ба синни 58 аз рӯи шартҳои зерин таъин карда мешавад:

Иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба пардохти саҳмҳои суғуртавӣ аз ҷониби суғуртакунандаҳо (корфармоён), бевосита аз ҷониби худи шахсони суғурташаванда ё ба ҷойи онҳо;