Аз нав ҳисобкунии нафақа
Андозаи нафақа тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” дар ҳолатҳои зерин бозҳисобӣ мешавад:
- Ба намуди дигари нафақа гузаштан;
- Тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ;
- Тағйир ёфтани теъдоди аъзои ғайри қобили меҳнати оила,ки бо нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон таъмин карда мешаванд;
-Давом додани фаъолияти меҳнатӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ баъди таъини нафақа.