Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Бадалкунии(конвертатсия) ҳуқуқҳои нафақавӣ

18 июл 2025, Ҷумъа
41

1.Ҳуқуқҳои нафақавии дар натиҷаи фаъолияти меҳнатии то соли 1999 ба дастовардаи шаҳрвандон мӯҷиби аз нав арзёбии пулӣ ва бадалкунӣ ба сармояи шартии нафақавӣ мебошанд. Дар ин маврид , барои ҳар моҳи пурраи собиқаи кории то 1 январи соли 1999, ки мувофиқи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Тоҷикистон” муайян карда шудааст, сармояи шартии нафақавӣ ба андозаи 120 сомонӣ муқаррар гардида , дар қисми умумии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳолати 1 январи соли 2013 нишон дода мешавад.

2.Собиқаи кории то 1 январи соли 1999,ки барои он дар натиҷаи бо пул арзёби гардиданаш сармояи шартии нафақавӣ гузаронида шудааст, ҳангоми муайян намудани ҳуқуқ ба нафақаи суғуртавӣ ҳамчун собиқаи суғуртавӣ ҳисоб карда мешавад.

3. Қоидаҳои бадалкунии(конвертатсия) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.