Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулиҳои суғуртаи иҷтимоӣ

18 июл 2025, Ҷумъа
164

Шаҳрвандон дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ ба гирифтани кӯмакпулиҳои суғуртаи иҷтимоиро доранд:

Кӯмакпули ҳангоми корношоямии муваққатӣ

Ҳангоми бемори (ҷароҳат бардоштан), ки бо гум кардани қобилияти кори вобаста аст, дар вақти зарурати нигоҳубини узви бемори оила, карантин, протезгузори кӯмакпули барои корношоямии муваққати пардохта мешавад.
Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба андозаи зайл пардохт карда мешавад:
100 фоизи музди меҳнат:
- ба кормандон ҳангоми бардоштани осеби меҳнатӣ ё бемориҳои касбӣ;
- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки кор мекунанд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- ба кормандоне, ки аз минтақаи олудаи радиоактивӣ дар натиҷаи садамаи Чернобил ва минтақаҳои ба онҳо баробаркардашудаи офатҳои табиӣ ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои узвҳои ҳосилкунандаи хун (лейкози шадид), ғадуди сипаршакл (аденома, саратон), варамҳои хатарнок кӯчонида шудаанд.
70 фоизи музди меҳнат:
- ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии ҳаштсола ва беш аз он доранд;
- ба кормандоне, ки таҳти сарпарастии худ се ва ё бештар фарзандони то 16-сола (ё хонандагони то 20-сола) доранд;
- ба кормандони ятим, ки ба синни 23 нарасидаанд.
60 фоизи музди меҳнат:
- ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии то ҳаштсола доранд.
Агар корманд дар давраи кор, дар роҳ ҳангоми ба кор омадан, ҳамчунин ҳангоми аз кор ба хона рафтан, аз ҷумла рӯзи аз кор озод карда шуданаш муваққатан корношоям гардида бошад, ба гирифтани кӯмакпулӣ ҳақ дорад.
Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ то барқарор гардидани қобилияти меҳнатӣ, вале ба муддати на зиёдтар аз чор моҳи бемории пай дар пай ва ҳангоми мубталои касалии сил будан ба муддати на бештар аз дувоздаҳ моҳ дода мешавад ва баъди ин кормандро барои муқаррар кардани маъюбӣ ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ мефиристанд.
Кӯмакпули барои корношоямии муваққати аз рӯи ҳисоби якмоҳа назар ба андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, кам буда наметавонад.
Барои таъини кӯмакпули барои корношоями муваққати варақаи корношоями (варақаи бемори), ки тибқи тартиби муқарраршуда дода шудааст, асос буда метавонад. Дар сурати гум кардани варақаи корношоями кӯмакпули тибқи нусхаи он (дубликат) пардохта мешавад.
Муайян кардани ҳаҷми собиқаи меҳнатӣ мутобиқи қоидаҳои ҳисобу китоби собиқаи меҳнатии кормандон ҳангоми таъини кӯмакпулиҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз рӯзи фарорасии корношоями ҳисоб карда мешавад.
Тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулиҳо оид ба корношоямии муваққати дар корхонаҳо тибқи асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Шахсони суғурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ тибқи тартиби умумӣ ба кӯмаклулӣ барои корношоямии муваққатӣ ҳуқуқ доранд. Кӯмакпулӣ ба шахсони мазкур ҳангоми пешниҳоди эъломияи суғуртаи иҷтимоӣ ба тариқи баҳисобгирии маблағи кӯмакпулии ба онҳо тааллуқдошта ба ҳисоби саҳмҳои пардохтшавандаи суғурта пардохта мешавад.

Кӯмакпулии ҳомиладори ва таваллуд

Кӯмакпулии ҳомиладори ва таваллуд ба андозаи пурраи музди меҳнат барои тамоми давраи рухсатие, ки ба зан ба сабаби ҳомиладори ва таваллуд дода мешавад, сарфи назар аз он ки чанд рӯзи рухсати ба давраи пеш аз таваллуд ва чанд рӯзи он ба давраи пас аз таваллуд рост омадааст, пардохта мешавад.

Кӯмакпулии оилавӣ

Ҳангоми таваллуди кӯдак дар оила кӯмакпулии оилавии зайл пардохта мешавад:
кӯмакпулии яквақта бинобар таваллуди кӯдак;
кӯмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кӯдак.
Кӯмакпулии яквақта бинобар таваллуди кӯдак ба андозаи зерин таъин карда мешавад:
ҳангоми таваллуди кӯдаки якум - ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
ҳангоми таваллуди кӯдаки дуюм - ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
ҳангоми таваллуди кӯдаки сеюм ва зиёда - ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
Кӯмакпули дар ҷои кори (таҳсили) яке аз волидайн, агар падару модар кор ё таҳсил накунанд - аз ҷониби шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии маҳалли истиқомат пардохта мешавад.
Кӯмакпулии яквақта ҳангоми таваллуди кӯдак аз рӯзи таваллуди кӯдак таъин ва пардохта мешавад, агар муроҷиат барои гирифтани он на дертар аз шаш моҳи пас аз рӯзи таваллуди кӯдак сурат гирифта бошад.
Дар сурати додани рухсати ба зан барои нигоҳубини кӯдак то ба синни якунимсолаги расидани он барои ин мӯҳлат дар ҷои кор аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимои ба андозаи 100 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ӯ кӯмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кӯдак пардохта мешавад.