Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо
Мувофиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ ИНФИРОДӢ ДАР НИЗОМИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ» Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои суғуртакунанда
1. Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад:
- аз шахсони суғурташуда дар мавриди ба кор қабул кардани онҳо шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавиашонро талаб намояд;
- дар мувофиқа бо сохтори ҳудудии муассисаи суғурта ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродии ирсолгардидаро пурра ва дақиқ намояд.
2. Суғуртакунанда ӯҳдадор аст:
- дар мӯҳлати муқарраргардида ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро пешниҳод намояд;
- аз сохтори ҳудудии муассисаи суғурта шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, инчунин нусхаи шаҳодатномаи мазкурро гирифта, онҳоро ба шахсони суғурташудае, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ дар назди ӯ кор мекунанд ва аз музди меҳнаташон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғуртавӣ пардохта мешавад, бо гирифтани имзо диҳад;
- нусхаи ҳуҷҷати аввалияи баҳисобгирии инфиродиро, ки ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта барои ворид намудани маълумот ба суратҳисоби инфиродии у пешниҳод гардидааст, ройгон ба ҳар шахси суғурташуда диҳад;
- мутобиқати маълумоти шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавии ба шахси суғурташуда додаро бо маълумоти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси мазкур, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ дар назди ӯ кор мекунад ва аз музди меҳнаташ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғуртавӣ пардохта мешавад, назорат кунад.