Ҳуҷатҳои баҳмсобгирии инфиродӣ
Мувофиқи моддаи 8 ҚонуниҶумҳурииТоҷикистон«ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИИНФИРОДӢДАРНИЗОМИСУҒУРТАИҲАТМИИНАФАҚАВӢ»Қоидаҳои умумии пешниҳодиҳуҷҷатҳоиаввалияибаҳисобгирии инфиродӣ
1. Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ, ки дар бораи шахсони суғурташуда маълумоти дар қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 6 Қонуни мазкур пешбинишударо доранд, ба муассисаи суғурта бо тартиб ва шакли тасдиқнамудаи муассисаи суғурта пешниҳод мегарданд.
2. Суғуртакунанда ба муассисаи суғурта ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиеро пешниҳод менамояд, ки дар онҳо доир ба тамоми шахсоне, ки аз рӯйи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ кор карда, аз музди меҳнаташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғуртавӣ пардохта мешавад, маълумот мавҷуд мебошад.
3. Шахсони воқеӣ, ки мустақилона саҳми суғурта месупоранд, худашон ба сифати суғуртакунанда (шахсони суғурташуда) ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро ба муассисаи суғуртаи ҷойи қайд пешниҳод менамоянд.
4. Ба шахсони суғурташудае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бекор ҳисобида шудаанд, мақомоти дахлдори давлатии шуғли аҳолӣ маълумот пешниҳод менамояд.
5. Назорати пешниҳоди дурусти ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро муассисаи суғурта амалӣ менамояд.
6. Суғуртакунанда дар ҳолатҳои зерин ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта пешниҳод менамояд:
- ҳангоми бори аввал ба қайд гирифтан, аз нав ташкил кардан, барҳам додан ва ба сифати суғуртакунанда аз қайд баровардан;
- ҳангоми бақайдгирии ибтидоии шахсони воқеие, ки бояд мавриди суғуртаи ҳатмии нафақавӣ қарор гиранд;
- дар вақти ба кор қабул намудани шаҳрвандон ё бастани шартномаи ҳуқуқии гражданӣ тибқи музди меҳнате, ки аз он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғуртавӣ пардохта мешавад ва то ин вақт собиқаи суғуртавӣ ва шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ надоштанд;
- дар ҳолате, ки шахси суғурташудаи дар назди ӯ коркунанда шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавиро гум карда бошад;
- дар мавриди тағйир ёфтани маълумоти пешбининамудаи сархатҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми қисми 2 моддаи 6 Қонуни мазкур оид ба шахсони суғурташудаи дар назди ӯ коркунанда.
7. Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ метавонанд ҳам дар шакли хаттӣ ва ҳам дар шакли электронӣ бо назардошти кафолати саҳеҳияти онҳо, ҳифз аз дахолати ғайриқонунӣ ва бе таҳриф пешниҳод гарданд. Дар ин маврид эътибори қонунӣ доштани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродии пешниҳодшуда бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронии рақамӣ тасдиқ карда шавад. Масъалаи дар шакли электронӣ пешниҳод кардани иттилоотро муассисаи суғурта дар якҷоягӣ бо суғуртакунандагони мушаххас ҳал менамояд.
8. Нусхаи ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ, ки ба муассисаи суғурта пешниҳод гардидаанд, дар дасти суғуртакунандагон мемонад. Нусхаи ҳуҷҷатҳои мазкурро суғуртакунандагон бояд мутобиқи қоидаҳои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботӣ нигоҳ доранд.
9. Тартиб ва мӯҳлати аз ҷониби суғуртакунанда ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ бо Қоидаҳои баҳисобгирии инфиродии низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ.