Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 июл 2025, Сешанбе
29
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини якуми директори Агентии назорати
маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Камолиддинзода Ш.К.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Камолиддинзода Шавкат Камолиддин муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
22 июли соли 2025
№1048
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини директори Агентии назорати
маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Комилзода Ш.К.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Комилзода Шаҳбоз Комил муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
22 июли соли 2025
№1049