Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

24 июл 2025, Панҷшанбе
11

24 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари фоҷеаи ба ҳалокат расидани мусофирон дар натиҷаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Амури Федератсияи Русия боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Таъзияву таслияи самимии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор менамоем”.