Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

24 июл 2025, Панҷшанбе
5

24 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро ба муносибати рӯзи таваллудашон табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳо ба манфиати мардуми бародари Узбекистон орзу намуданд.

Пешвои миллат рушди устувори Узбекистон ва нуфузи пайваста афзояндаи онро дар арсаи байналмилалӣ таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев таъкид намуданд.

Омодагии ҷонибҳо ба талошҳои минбаъдаи муштарак барои ноил шудан ба натиҷаҳои нав дар рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон таъкид гардид.

Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон, ҳамчунин, ҷадвали мулоқоту тамосҳоро дар ҳошияи чорабиниҳои дарпешистодаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор анҷом дода шуд.