Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

БАҚАЙДГИРӢ ВА БЕКОРКУНИИ БАҚАЙДГИРӢ

08 август 2025, Ҷумъа
83

Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз ҷониби Кумитаи андоз, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипи «Равзанаи ягона» бидуни гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.

Бақайдгирии давлатии таъсиси шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ дар давоми 24 соат аз лаҳзаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки номгӯи онҳо дар моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» пешбинӣ гардидааст, амалӣ карда мешавад.

Бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар асоси қарори муассисон (иштирокчиён) ё мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ё дар асоси қарори суд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, пас аз анҷоми расмиёти барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, сурат мегирад.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» муайян карда шудаанд.