Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

БАҚАЙДГИРӢ ВА БЕКОРКУНИИ БАҚАЙДГИРӢ

08 август 2025, Ҷумъа
43

Бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ тавассути «Равзанаи ягона» дар давоми 24 соат аз лаҳзаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» пешбинишуда амалӣ карда мешавад.

Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар маҳалли бақайдгирии давлатии ӯ дар давоми 24 соат аз лаҳзаи пешниҳоди ариза анҷом дода мешавад.

Ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ заруранд, дар моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» муайян карда шудаанд.

Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ пас аз ворид намудани сабт дар Феҳристи ягонаи давлатӣ эътибори худро қатъ мекунад ва бо иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ тасдиқ карда мешавад.