БАҚАЙДГИРӢ ВА БЕКОРКУНИИ БАҚАЙДГИРӢ
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» ҳамаи шахсони воқеие, ки ба меҳнати кироя машғуланд, ӯҳдадоранд:
- дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад;
- шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавиро гирифта, нигоҳ дорад ва бо дархости корфармо, кормандони сохтори ҳудудии муассисаи суғурта ва дигар мақомоти давлатӣ пешниҳод намояд;
Барои бақайдгири дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ шаҳрвандон бояд ариза ва шиноснома пешниҳод намоянд.