Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Тартиби гирифтани рақами мушаххаси суғуртавӣ (РМС)

09 август 2025, Шанбе
315

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» ҳамаи шахсони воқеие, ки ба меҳнати кироя машғуланд, ӯҳдадоранд:

— дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад;

— шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавиро гирифта, нигоҳ дорад ва бо дархости корфармо, кормандони сохтори ҳудудии муассисаи суғурта ва дигар мақомоти давлатӣ пешниҳод намояд;

Барои бақайдгири дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ шаҳрвандон бояд ариза ва шиноснома пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон мутобиқи моддаи 7 ҳамин қонун:

Шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

1. Муассисаи суғурта ба ҳар як шахси суғурташуда шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ медиҳад, ки дар он рақами мушаххаси суғуртавии суратҳисоби инфиродӣ, санаи ҳамчун шахси суғурташуда ба қайд гирифта шудан, насаб, ном ва номи падари ӯ қайд карда мешавад.

2. Шахсе, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ нахустин маротиба бо корфармо муносибати меҳнатӣ муқаррар намудааст ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз музди меҳнати ӯ саҳми суғурта пардохта мешавад, аз ҷойи кораш шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавии дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо мегирад.

3. Шахси воқеӣ, ки саҳми суғуртаро мустақилона месупорад, шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавиро бевосита дар муассисаи суғуртаи ҷойи қайди худ ба сифати суғуртакунанда мегирад.

4. Шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар дасти шахси суғурташуда доимӣ нигоҳ дошта мешавад.

5. Дар ҳолати тағйир ёфтани маълумот дар бораи шахси суғурташуда, ки дар сархатҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми қисми 2 моддаи 6 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, тибқи Қоидаҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар суратҳисоби инфиродии ӯ сабт мешаванд ва дар ин маврид муассисаи суғурта ба шахси суғурташуда ба ивази шаҳодатномаи қаблан додашуда шаҳодатномаи нави суғуртаи ҳатмии нафақавии дорои ҳамон рақами мушаххаси суғуртавии суратҳисоби инфиродиро медиҳад.