Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Ҳуҷҷатҳо барои баромадан ба нафақа

09 август 2025, Шанбе
388

Мутобиқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” барои баромадан ба нафақа ҳуҷҷатҳои зерин заруранд:

Моддаи 41. Тартиби муроҷиат барои таъини нафақа

1. Ариза барои таъини нафақа ба шахси суғурташуда ё узви оилаи ӯ бо замимаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шаҳодатномаи суғуртаи нафақавӣ бо қайди рақами инфиродии шахсӣ аз ҷониби суғурташаванда ё корфармо ба сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар ҷои зисти шахси суғурташуда пешниҳод мегардад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).

2. Барои таъини нафақаи суғуртавӣ пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;

- дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи собиқаи корӣ ва собиқаи суғуртавӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси суғуртавӣ;

- дар ҳолатҳои зарурӣ, ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба нафақа (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).

3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ҳуқуқ дорад аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳоеро, ки барои таъини нафақа заруранд, талаб намояд, инчунин асоснокии дода шудани онҳоро санҷад (Қонуни ҶТ аз 02.01.2025 № 2126).

4. Мӯҳлат барои таъини нафақа як моҳ пеш аз пайдо шудани ҳуқуқ ё дар мӯҳлати дилхоҳ баъди пайдо гардидани ҳуқуқ барои гирифтани он муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).

5. Сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар муддати 30 рӯзи баъди қабули ариза масъалаи таъини нафақаро баррасӣ намуда, қарор мебарорад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).

6. Ҳангоми рад гардидани ариза дар бораи таъини нафақа дар қарор сабабҳои рад гардидани таъини нафақа пурра нишон дода мешаванд. Сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадор аст, ки дар давоми 10 рӯзи баъди қабули чунин қарор аз натиҷаи он аризадиҳандаро огоҳ намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).

7. Тартиби муроҷиат барои таъини нафақа ва пешбурди ҳуҷҷатҳои нафақавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.