Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Тарофаҳои андози иҷтимоӣ

09 август 2025, Шанбе
54

Муовфиқи банди 3 ва 4 моддаи 332 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тарофаҳои андози иҷтимоӣ барои соҳибкорон чунин мебошад:

3. Барои соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ меъёри ҳадди ақалли андози иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

4. Меъёри андози иҷтимоӣ барои соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда (ба истиснои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ), ки ба сифати шахсони суғурташуда дониста мешаванд, ба 1,0 фоиз аз манбаи андоз, вале на камтар аз андозаи ҳадди баландтарини андози иҷтимоӣ (бо назардошти коэффитсиенти минтақавӣ), ки барои соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда муқаррар шудааст, баробар мебошад. Дар сурате, ки чунин соҳибкор дар давраи ҳисоботӣ даромад надошта бошад, он ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо, бо назардошти коэффитсиенти минтақавӣ, ки барои соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда муқаррар шудааст, пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).