Тартиби пардохти андози иҷтимоӣ
Мутобиқи моддаи 334 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби пардохти андози иҷтимоӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ба таври зерин ба роҳ монда мешавад:
Моддаи 334. Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андози иҷтимоӣ
Соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда андози иҷтимоиро дар як вақт бо гузаронидани маблағи патент ба буҷет пардохт менамоянд.
Соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми 4 моддаи 332 Кодекси мазкур зикр гардидаанд, то санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ эъломияи андозро пешниҳод ва маблағи андозро пардохт менамоянд.
Ҳисоби андози иҷтимоӣ барои аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки бояд ҳар нимсолаи тақвимӣ то санаи 15-уми моҳи пас аз нимсолаи ҳисоботӣ пардохт карда шавад, дар асоси маълумоти мақоми давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз ташаккул дода шуда, дар ин хусус ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда огоҳинома дар шакли электронӣ ирсол мегардад. Дар ҳамин муҳлат хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ уҳдадор мебошад, ки маблағи андозро ба буҷети давлатӣ пардохт намояд. Ҳангоми гирифтани маълумоти иловагӣ аз мақомоти соҳавӣ ё аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод гардидани тавзеҳот (ё ҳуҷҷатҳои асоснок), мақомоти андоз дар давоми як моҳ аз санаи гирифтани чунин маълумот (тавзеҳот) уҳдадор аст, ки онро баррасӣ намуда, ҳисоботи ислоҳшударо барои давраи ҳисоботӣ ба низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз ворид намояд ва дар ин хусус ба андозсупоранда огоҳнома ирсол намояд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).