Тартиби пешниҳоди ҳисобот
Тартиб ва муҳлати пешниҳоди ҳисобот оид ба пардохти саҳмҳои суғуртавӣ (андози иҷтимоӣ) аз ҷониби соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси Патент ва ё Шаҳодатнома фаъолият менамоянд
Соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси Патент фаъолият менамоянд, уҳдадоранд, ки бо анҷоми соли тақвимӣ то санаи 1-уми марти соли навбатӣ аз натиҷаи пардохти саҳмҳои суғуртавӣ (андози иҷтимоӣ) аз рӯи шакли тасдиқшуда ба раёсати (шуъбаи) АСИН дар шаҳри (ноҳияи) ҷои бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ ҳисобот пешниҳод намоянд.
Соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси Шаҳодатнома фаъолият менамоянд, уҳдадоранд, ки бо анҷоми ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳи якуми семоҳаи навбатӣ аз рӯи шаклҳои тасдиқшуда ба раёсати (шуъбаи) АСИН дар шаҳри (ноҳияи) ҷои бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ ҳисобот пешниҳод намоянд.