Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

09 август 2025, Шанбе
7

9 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Илҳом Ҳайдар оғлу,

Шумо ва мардуми дӯсти Озарбойҷонро ба муносибати имзои Эъломияи муштарак бо Ҷумҳурии Арманистон, ки роҳро барои расидан ба сулҳи пойдор миёни ду кишвар мекушояд, самимона табрик мегӯям.

Мо аз ин рӯйдоди таърихӣ истиқбол намуда, бар аҳаммияти муколамаи сулҳомез ҳамчун василаи ягонаи ҳалли буҳрону муноқишаҳо таъкид мекунем.

Бовар дорем, ки расидан ба ин созиш барои рушди равобити ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории шарикии ду давлат заминаи заруриро фароҳам оварда, ҳамзамон, ба таҳкими пояҳои суботу амният дар Қафқоз ва тавсеаи ҳамкории созандаи байниминтақавӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдар оғлу, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои рӯзафзун ба нафъи мардуми дӯсти Озарбойҷон орзумандам».