Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ДАСТУРАМАЛ оид ба индексатсия (зиёд) намудани андозаи нафақаҳои нафақагирон тибқи қарори ҲҶТ аз 28.02.2025, №113

11 август 2025, Душанбе
91

Замимаи 1

Ба фармоиши директори Агентии

суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «30» июни соли 2025, №ф-30

ДАСТУРАМАЛ

оид ба индексатсия (зиёд) намудани андозаи нафақаҳои нафақагирон тибқи

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №113 «Дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025, №962»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1. Дастурамали мазкур бо мақсади тавзеҳи татбиқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №113 «Дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025, №962» таҳия гардида, тартиби индексатсия намудани андозаи нафақаҳои заминавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ, давлатӣ инчунин индексатсияи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавиро муайян менамояд.

1.2. Дар асоси сархати 10 банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №113 «Дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025, №962» аз 1 сентябри соли 2025 андозаи ҳадди ақал ва нафақаи заминавӣ аз рӯи синну сол, 10 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шуда, аз 325 сомонӣ ба 357,5 сомонӣ расонида мешавад.

1.3. Дар сурате, ки андозаи андӯхтҳои нафақавӣ аз даҳкаратаи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида кам бошад, қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ ҳамчун пардохти якдафъаина муқаррар карда мешавад, ки аз 1 сентябри соли 2025 аз 3250 сомонӣ ба 3575 сомонӣ ҳисоб карда мешавад.

1.4. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №303 “Дар бораи тасдиқи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкуҳ” нисбати музди меҳнати кормандон коэффитсиентҳои ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ ва иловапулиҳо ба нафақаҳои меҳнатӣ, ки аз руи ҳадди ақали нафақа аз руи синну сол ҳисоб ва таъин карда шудаанд, қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаҳои давлатӣ (иҷтимоӣ) ва иловапулиҳо ба нафақаҳои суғуртавӣ, ки аз рӯи нафақаи заминавӣ ҳисоб ва таъин карда шудаанд ва минбаъд низ ҳисоб ва таъин карда мешаванд, бо истифодаи ин коэффитсиентҳо индексатсия карда мешаванд. Мувофиқи қарори мазкур коэффитсиентҳои ноҳиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ-1,20 ва дар шаҳрҳои Роғун ва Норак бошад-1,15 муқаррар карда шудааст.

2. Вазифаҳои воҳидҳои сохтории Агентӣ ҳангоми ташкили индексатсия ва зиёд намудани андозаи нафақаҳо

2.1. Барои ташкил ва амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025, №962 бевосита сардорони тамоми воҳидҳои сохтори Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ масъул мебошанд.

2.2. Индексатсия намудани андозаи нафақаҳои суғуртавӣ дар асоси парвандаҳои нафақавӣ аз ҷониби кормандони масъули Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ анҷом дода мешавад.

2.3. Индексатсия намудани андозаи нафақаҳои меҳнатӣ, нафақаҳои иҷтимоӣ ва нафақаҳои давлатӣ дар асоси парвандаҳои нафақавие, ки дар Раёсату шуъбаҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо қарор доранд, аз ҷониби кормандони масъули Раёсату шуъбаҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо анӌом дода мешавад.

2.4. Сардорони раёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ, ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025, №962 бевосита масъул буда, аз рафти татбиқи чорабиниҳо доир ба зиёд намудани андозаи нафақаҳо мунтазам назорат бурда, аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ба Раёсати назорати таъину пардохти нафақа ва андӯхти нафақавии дастгоҳи марказии Агентӣ дар муҳлати муқарраршуда тибқи ҷадвали замимагардида маълумот пешниҳод намоянд (Замимаи 2).

3. Категорияи нафақагироне, ки андозаи нафақаашон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025, №962индексатсия яъне зиёд карда мешаванд

3.1. Мувофиқи муқаррароти сархати 10 банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №113 нафақаҳои амалкунандаи нафақагироне, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” то 1 январи соли 2025 нафақа таъин гардидаанд, бо назардошти иловапулиҳоба андозаи 10 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия яъне зиёд карда мешаванд.

аз ҷумла;

- нафақаҳои аз рӯи синну сол;

- нафақаҳои аз рӯи маъюбӣ;

- нафақаҳои аз рӯи маҳрум шудан аз саробон;

- нафақаҳои имтиёзноки вобаста ба шароити махсуси меҳнат;

- нафақа барои хизмати дарозмудат;

3.2. Андозаи нафақаҳои суғуртавие, ки аз 1 январи соли 2025 инҷониб таъин гардидаанд, ба андозаи 10 фоиз индексатсия яъне зиёд карда намешаванд, вале бо назардошти 10 фоиз зиёд гардидани андозаи нафақаи заминавӣ ва ба 357,5 сомонӣ баробар гардидани он, андозаи нафақаҳо низ аз 1 сентябри соли 2025 ба меъёрҳои камтарини муқаррарнамудаи моддаҳои 22, 25, 26, 30 ва 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртави ва давлатӣ” вобаста ба намуди нафақа бо назардошти иловапулиҳо баробар карда мешаванд.

3.3. Мувофиқи банди 8 Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, №588 тасдиқ гардидааст, муқаррароти мазкур нисбати нафақаҳои суғуртавие, татбиқ мегардад, ки то 1 январи соли 2025 таъин гардидаанд ва андозаи қисми суғуртавии онҳо аз 15 каратаи нафақаи заминавии то 1 сентябри соли 2025 амалкунанда яъне 4875 сомонӣ (дар шаҳру ноҳияҳое, ки нисбати музди меҳнати кормандон коэффитсиентҳои ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, 15 каратаи нафақаи заминавӣ бо истифодаи коэффитсиенти ноҳиявӣ ҳисоб карда мешавад) кам бошад.

3.4. Нисбати нафақаҳое, ки аз 1 январи соли 2025 таъиншаванда муқаррароти мазкур танҳо дар ҳолате татбиқ мегардад, ки муроҷиат барои таъини нафақа пас аз 1 январи соли 2025 сурат мегирад, вале тибқи муқаррароти моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртави ва давлатӣ” нафақа аз рӯзи ҳуқуқ пайдо намудан таъин карда мешавад ва ин мӯҳлат ба давраи то 1 январи соли 2025 рост меояд.

3.5. Бо назардошти 10 фоиз зиёд гардидани андозаи нафақаи заминавӣ, ва ба 357,5 сомонӣ баробар гардидани он иловапулиҳое, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъин гардидаанд, аз рӯи андозаи ҳадди ақал ва нафақаи заминавӣ ҳисоб карда мешаванд.

3.6. Нафақаҳо барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз руйи нишондиҳанда барои ҳисобҳо иловапули муқаррар карда шудааст, зимни татбиқи Фармони мазкур бе назардошти иловапулӣ индексатсия карда мешаванд, зеро андозаи нишондиҳанда бари ҳисобҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” муқаррар карда мешавад.

3.7. Нафақагироне, ки ба онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» иловапули муқаррар карда шудааст, андозаи нафақа бе назардошти иловапулӣ индексатсия яъне зиёд карда мешавад. Пас аз индексатсия намудани андозаи нафақа иловапулӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» ба онҳо муқаррар карда шудааст аз маблағи умумии нафақа пас аз зиёдшавӣ ҳисоб карда мешавад.

3.8. Ба модароне, ки 10 ва зиёда аз ин фарзанд таваллуд карда, онҳоро то синни 8-солагӣ тарбия намудаанд, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақа таъин карда шудаанд, аз 1 сентябри соли 2025 ба 100 фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, яъне 357,5 сомонӣ баробар карда мешаванд.

3.9. Афзоиши нафақа барои маҳрум шудан аз саробон аз руи андозаи умумии нафақаи амалкунанда 10 фоиз индексатсия яъне зиёд карда мешаванд.

3.10. Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ ба маъюбони гурӯҳҳои 1, 1 ва 2 аз овони кӯдакӣ ва кӯдакони маъюби то 18-сола ва аз рӯи синну сол, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақа таъин карда шудаанд, аз 1 сентябри соли 2025 аз руи андозаи умумии нафақаи амалкунанда 10 фоиз индексатсия яъне зиёд карда мешаванд.

3.11. Андозаи нафақаҳое, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ” таъин гардидаанд мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025, №962 ба зиёдшави фаро гирифта намешаванд.

4. ИНДЕКСАТСИЯИ НАФАҚАҲО

4.1. Андозаи нафақа барои нафақахуроне, ки дар банди 3.1 дастурамали мазкур нишон дода шудаанд ва дар ноҳияҳои баландкуҳ истиқомат мекунанд, дар асоси моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва коэффитсенти ноҳияви дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2014, №303 тасдиқ гардидааст зиёд карда мешаванд.

А) Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон андозаи нафақаи заминавӣ 429 сомонӣ (357,5 сомонӣ *1,20=429);

Б) шаҳри Роғун ва Норак андозаи нафақаи заминавӣ 411,12 сомонӣ (357,5 сомонӣ*1,15=411,12);

В) дар дигар шаҳру ноҳияҳо андозаи нафақаи заминавӣ 357,5 сомонӣ баробар мегардад.

4.2. Ба шахсоне, ки дар асоси коэффитсентҳои ноҳияви нафақа таъин ва пардохт гардидаанд дар ҳолати иваз намудани ҷойи истиқомати доими нафақа аз сари нав дида баромада мешаванд.

4.3. Ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, бо назардошти муқаррароти "Дар бораи Тартиби пардохти нафақа ба нафақахӯроне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлатӣ қарор доранд", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 № 371 дар ҳаҷми зерин тасдиқ шудаанд, муайян карда мешавад:

- ба нафақагироне, ки дар муасисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд ва ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ доранд нафақа ба андозаи 20% нафақаи таъингардида, аммо на камтар аз 30% нафақаи заминавии муқарраргардида бо назардошти коэффитсиентҳои ноҳиявӣ пардохт карда мешавад.

- ба нафақагироне, ки дар муасисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд ва ба нафақаи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд нафақа ба андозаи 10% нафақаи таъингардида, аммо на камтар аз 30% нафақаи заминавии муқарраргардида бо назардошти коэффитсиентҳои ноҳиявӣ пардохт карда мешавад.

5. ТАРТИБИ БАРАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ ҚАРОРҲОИ ЗИЁДШАВИИ АНДОЗАИ НАФАҚАҲО

5.1. Зиёдшавии нафақа бо Қарорҳои дахлдори воҳидҳои сохтории Агентӣ ва санадҳои меъёрии маҳаллии Агентӣ ба расмият дароварда мешавад.

5.2. Қарорҳо бояд ба таври қонунӣ, яъне ҳама маълумотҳо бидуни доғ ва ислоҳ, ки онро кормандони масъул имзо менамоянд ва бо мӯҳр тасдиқ карда мешавад, барасмият дароварда мешавад.

6. Тартиби индексатсияи нафақаҳои меҳнатие, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъин гардидаанд бо мисолҳои шартӣ

6.1. Азимов Акрам – моҳи июли соли 2005 бо назардошти собиқаи кории 31-сола нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол таъин карда шуда, то 1 сентябри соли 2025 бо назардошти зиёдшавӣ фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи нафақаи ӯ 496,73 сомониро ташкил менамуд.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад:

496,73 сомонӣ (андозаи нафақаи меҳнатии амалкунанда) + 49,67 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда 496,73*10%) = 546,40 сомонӣ.

Нафақаи Азимов А. аз 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 546,40 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

6.2. Мирзоев Илҳом – моҳи сентябри соли 2014 бо назардошти собиқаи кории 40-сола нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол таъин карда шуда, то 1 сентябри соли 2025 андозаи нафақааш 845 сомониро ташкил менамуд.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб бозҳисобӣ карда мешавад:

845 сомонӣ (андозаи нафақаи меҳнатии амалкунанда) + 84,50 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 845*10% = 929,5 сомонӣ.

Нафақаи Мирзоев И. аз 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 929,5 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

6.3. Носиров Маҳмадалӣ - моҳи ноябри соли 2012 бо назардошти собиқаи кории 38-сола нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуда, то 1 сентябри соли 2025 бо назардошти зиёдшавӣ фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи нафақаи ӯ 952 сомониро ташкил менамуд.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад:

520 сомонӣ (андозаи нафақаи амалкунандаи меҳнатӣ )+52 сомонӣ(10 фоиз аз андозаи муқарраргардидаи нафақа)=572 сомонӣ

6 (нишондиҳанда барои ҳисобҳо) 75*6= 450 сомонӣ барои хизматҳои махсус

андозаи нафақаи пас аз бозҳисобӣ 572 сомонӣ +450 сомонӣ = 1022 сомонӣ.

Андозаи нафақаи Носиров М аз 1 сентябри соли 2025 бо назардошти иловапулӣ барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1022 сомонӣ баробар карда мешавад.

6,4. Неъматов Убайдулло – моҳи сентябри соли 2014 бо назардошти собиқаи кории 29-сола нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол таъин карда шуда, то 1 сентябри соли 2025 андозаи нафақааш 455 сомониро ташкил менамуд.

Номбурда кор намекунад ва дар таъминоташ ду аъзои ғайри қобили меҳнати оила дорад ва дар асоси банди а) моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» 50 фоизи ҳадди ақали нафақа яъне 325 сомонӣ иловапули муқаррар карда шудааст. Андозаи нафақаи номбурда то 1 сентябри соли 2025 дар маҷмӯъ 780 сомониро ташкил менамуд.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад:

455 сомонӣ (андозаи нафақаи меҳнатии амалкунанда) + 45,5 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 455*10% =500,5 сомонӣ.

357,5(андозаи нафақаи заминавӣ)*50%= 178,75*2= 357,5 сомонӣ барои ду аъзои ғайри қобили меҳнати оила.

Нафақаи Неъматов У. аз 1 сентябри соли 2025 бо назардошти иловапули барои ду аъзои ғайри қобили меҳнати оила ба андозаи 858 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

6,5. Маҳмадов Амрулло (сокини шаҳри Норак)– моҳи ноябри соли 2012 бо назардошти собиқаи кории 26-сола нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол таъин карда шуда, то 1 сентябри соли 2025 бо назардошти зиёдшавӣ фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи нафақаи ӯ 585 сомониро ташкил менамуд.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад:

585 сомонӣ (андозаи нафақаи меҳнатии амалкунанда) + 58,5 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 585*10% = 643,5 сомонӣ.

Нафақаи Маҳмадов А. аз 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 643,5 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

6,6. Умаров Ҳайдар – моҳи ноябри соли 2011 бо назардошти собиқаи кории 19-сола нафақаи маъюбӣ гурӯҳи 2 таъин карда шуда, то 1 сентябри соли 2025 бо назардошти зиёдшавӣ фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи нафақаи ӯ 494 сомониро ташкил менамуд.

Номбурда кор намекунад ва дар таъминоташ як аъзои ғайри қобили меҳнати оила дорад ва дар асоси банди а) моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» 50 фоизи ҳадди ақали нафақа яъне 162,5 сомонӣ иловапули муқаррар карда шудааст. Андозаи нафақаи номбурда то 1 сентябри соли 2025 дар маҷмӯъ 656,5 сомониро ташкил менамуд.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад:

494 сомонӣ (андозаи нафақаи меҳнатии амалкунанда) + 49,4 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 494*10% = 543,4 сомонӣ.

357,5(андозаи нафақаи заминавӣ)*50%= 178,75 сомонӣ барои як аъзои ғайри қобили меҳнати оила.

Нафақаи Умаров Ҳ. аз 1 сентябри соли 2025 бо назардошти иловапули барои як аъзои ғайри қобили меҳнати оила ба андозаи 722,15 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

6,7. Холиқова Сокина – моҳи марти соли 2008 барои 2 нафар аъзои ғайри қобили меҳнат аз рӯи собиқаи корӣ ва музди меҳнати марҳум шавҳараш нафақа барои маҳрум шудан аз саробон муроҷиат намуда, бо назардошти зиёдшавии фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 715 сомониро ташкил менамуд.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб бозҳисобӣ карда мешавад:

715 сомонӣ (андозаи нафақаи амалкунанда) + 71,5 сомонӣ янеъ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда барои 2 нафар аъзои ғайри қобили меҳнат) 715*10% = 786,5 сомонӣ.

Нафақаи Холиқова С. аз 1 сентябри соли 2025 ба 2 нафар аъзои ғайри қобили меҳнат ба андозаи 786,5 сомонӣ баробар карда мешавад.

6.8. Маҳмадов Амрулло (сокини ноҳияи Ишкошим) – моҳи майи соли 2011 барои 3 нафар аъзои ғайри қобили меҳнат нафақа барои маҳрум шудан аз саробон аз рӯи собиқаи кории марҳум шавҳараш бо назардошти зиёдшавии фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 975 сомониро ташкил менамуд.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб бозҳисобӣ карда мешавад:

975 сомонӣ (андозаи нафақаи амалкунанда) + 97,5 сомонӣ янеъ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда барои 3 нафар аъзои ғайри қобили меҳнат)975*10% = 1072,5 сомонӣ.

Нафақаи Маҳмадов А. 1 сентябри соли 2025 ба 3 нафар аъзои ғайри қобили меҳнат ба андозаи 1072,5 сомонӣ баробар карда мешавад.

6,9. Раҳимов Сафаралӣ- моҳи августи соли 2015 бо назардошти собиқаи кории 38-сола нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол ба андозаи 624 сомонӣ таъин карда шудаааст. Инчунин номбурда дорандаи унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” мебошад ва мувофиқи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи мукофтҳои давлатӣ” 20 фоиз аз андозаи нафақаи таъингардида, ки 124,8 сомониро ташкил медиҳад, иловапули ба нафақа муқаррар карда шудааст. Андозаи нафақаи ӯ дар маҷмӯъ то 1 сентябри соли 2025 бо назардошти иловапулии зикршуда 748,8 сомониро ташкил менамуд.

Аз 1 сенятбри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад:

624 сомонӣ (андозаи нафақаи меҳнатии амалкунанда) + 62,4 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 624*10% = 686,4 сомонӣ.

Андозаи иловапули барои унвони фахрӣ аз андозаи умумии нафақа пас аз зиёдшавӣ муайян карда мешавад, яъне 20 фоиз иловапулӣ барои унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” аз руи 686,4 сомонӣ ҳисоб карда мешавад.

686,4 сомонӣ*20%= 137,28 сомонӣ.

Нафақаи Раҳимов С. аз 1 сентябри соли 2025 бо назардошти иловапулӣ барои унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” ба андозаи 823,68 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

6.10. Субҳонов Ҷамолидин (сокини шаҳри Роғун) - моҳи октябри соли 2016 бо назардошти собиқаи кории 35-сола нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол ба андозаи 710 сомонӣ таъин карда шудаааст. Номбурда кор намекунад ва дар таъминоташ як аъзои ғайри қобили меҳнати оила дорад ва дар асоси банди а) моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол бо истифодаи коэфитсиенти ноҳиявӣ, яъне 186,87 сомонӣ иловапули муқаррар карда шудааст. Дар баробари ин номбурда дорандаи унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон” мебошад ва мувофиқи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи мукофтҳои давлатӣ” 15 фоиз аз андозаи нафақаи таъингардида, ки 106,5 сомониро ташкил медиҳад, иловапули ба нафақа муқаррар карда шудааст. Андозаи нафақаи ӯ дар маҷмӯъ то 1 сентябри соли 2025 бо назардошти иловапулии зикршуда 1003,37 сомониро (710 + 186,87 +106,5 = 1003,37 сомонӣ) ташкил менамуд.

Аз 1 сенятбри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад:

710 сомонӣ (андозаи нафақаи меҳнатии амалкунанда) + 71 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 710*10% = 781 сомонӣ.

357,5(андозаи нафақаи заминавӣ)*50%= 205,56 сомонӣ барои як аъзои ғайри қобили меҳнати оила бо назардошти коэффитсиенти ноҳиявӣ 1,15.

Андозаи иловапули барои унвони фахрӣ аз андозаи умумии нафақа пас аз зиёдшавӣ муайян карда мешавад, яъне 15 фоиз иловапулӣ барои унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон” аз руи 781 сомонӣ ҳисоб карда мешавад.

781 сомонӣ*15%= 117,15 сомонӣ.

Нафақаи Субҳонов Ҷ. аз 1 сентябри соли 2025 бо назардошти иловапулӣ барои унвони фахри ва иловапули барои як аъзои ғайри қобили меҳнати оила ба андозаи 1103,70 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

7. Тартиби индексатсияи нафақаҳои иҷтимоӣ, ки дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъин гардидаанд

ба мисолҳои шартӣ

7.1. Музафарова Ҳалима - ба номбурда моҳи ноябри соли 2007 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол 50% ҳадди ақали нафақа таъин гардидааст ва тибқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди зиёдшави қарор дода шуда, айни замон андозаи нафақаашон 339,95 сомониро ташкил медиҳад ва то 1 сентябри соли 2025 пардохт гардида истодааст.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад:

339,95 сомонӣ (андозаи нафақаи амалкунанда) + 33,99 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 339,95*10% = 373,94 сомонӣ.

Нафақаи Музафарова Ҳ. аз 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 373,94 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

7.2. Аминов Искандар – ба номбурда моҳи марти соли 2021 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” нафақаи давлатӣ аз рӯи синну сол 60% нафақаи заминавӣ таъин гардидааст ва тибқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди зиёдшави қарор додда шуда, айни замон андозаи нафақаи номбурда 226,46 сомониро ташкил медиҳад ва то 1 сентябри соли 2025 пардохт гардида истодааст.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад:

226,46 сомонӣ (андозаи нафақаи амалкунанда) + 22,64 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 226,46*10% = 249,10 сомонӣ.

Нафақаи Аминов И. аз 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 249,10 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

7.3. Насиба Бухориева – ба номбурда соли 2023 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” нафақаи давлатӣ аз руи синну сол 60% нафақаи заминавӣ таъин гардидааст ва тибқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди зиёдшави қарор додда шуда, айни замон андозаи нафақаи номбурда 195 сомониро ташкил медиҳад ва то 1 сентябри соли 2025 пардохт гарда истодааст.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад:

195 сомонӣ (андозаи нафақаи амалкунанда) +19,5 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 195*10% = 214,5 сомонӣ.

Нафақаи Насиба Б. аз 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 214,5 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

7.4 Қаландарова Аловат (сокини ноҳияи Шуғнон) – номбурда собиқаи корӣ надорад ва ба ӯ моҳи сентябри соли 2021 ҳангоми расидан ба синни нафақа тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” нафақаи давлатӣ аз руи синну сол бо андозаи 60 % нафақаи заминавӣ, ки бо истифода аз коэфитсенти ноҳиявӣ таъин гардидааст, ва тибқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди зиёдшави қарор додда шуда, айни замон ба андозаи 271,75 сомониро ташкил медиҳад ва то 1 сентябри соли 2025 пардохт гардида истодаст.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад:

271,75 сомонӣ (андозаи нафақаи амалкунанда) +27,17 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 271,75*10% = 298,92 сомонӣ.

Нафақаи Қаландарова А. аз 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 298,92 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

7.5. Салимова Малика – ба номбурда бинобар вафоти шавҳараш моҳи декабри соли 2022 барои 2 нафар аъзои ғайри қобили меҳнат нафақаи иҷтимоӣ барои маҳрум шудан аз саробон тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъин гардида бо назардошти татбиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди зиёдшави қарор гирифт, ки айни замон андозаи нафақааш 372,19 сомониро ташкил медиҳад ва то 1 сентябри соли 2025 пардохт гардида истодааст.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад:

372,19 сомонӣ (андозаи нафақаи амалкунанда) +37,21 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 372,19*10% = 409,40 сомонӣ.

Нафақаи Салимова М. аз 1 сентябри соли 2025 барои 2 нафар аъзои ғайри қобили меҳнат ба андозаи 409,40 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

7.6. Абдулоев Тоир (маъюби гурӯҳи 2 аз бемории умуми) – ба номбурда моҳи январи соли 2023 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” нафақаи иҷтимоӣ аз рӯйи маъюбӣ ба андозаи 150 яне (250*60%=150) сомонӣ нафақа таъин гардид. Нафақаи номбурда тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 июли соли 2024 мавриди зиёдшави қарор гирифта то 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 195 сомонӣ пардохт гардида истодаст.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад:

195 сомонӣ (андозаи нафақаи амалкунанда) + 19,5 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 195*10% = 214,50 сомонӣ.

Нафақаи Абдулоев Т. аз 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 214,5 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

7.7. Ҳуснигул Ҷурабекова (маъюби гурӯҳи 2 аз кудаки) – ба номбурда моҳи январи соли 2019 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” нафақаи давлатӣ аз рӯйи маъюбӣ таъин гардида ва тибқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди зиёдшави қарор гирифта, айни замон андозаи нафақааш 487,5 сомонро ташкил медиҳад ва то 1 сентябри соли 2025 пардохт гардида истодаст.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад:

357,5 сомонӣ (андозаи нафақаи заминавӣ)*100% (андозаи нафақаи заминавӣ банди б) моддаи 31) =357,5 сомонӣ.

357,5 сомонӣ (андозаи нафақаи заминавӣ)*50% (иловапули аз андозаи нафақаи заминавӣ банди в) моддаи 39) =178,75 сомонӣ.

Нафақаи Ҳуснигул Ҷ. аз 1 сентябри соли 2025 бо назардошти иловапули ба андозаи 536,25 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

7.8. Қодирова Наргис (маъюби то синни 18 сола барои фарзандаш Қодирова Гуландом) – ба номбурда моҳи ноябри соли 2020 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” нафақаи давлатӣ аз рӯйи маъюбӣ то синни 18 сола ба андозаи 310,5 сомонӣ (207+103,50=310,5) таъин гардидааст. Ҳамзамон тибқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи нафақаи шаҳрванд мавриди зиёдшави қарор гирифта, айни замон андозаи нафақааш 487,5 сомонро ташкил медиҳад ва то 1 сентябри соли 2025 пардохт гардида истодаст.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад:

357,5 сомонӣ (андозаи нафақаи заминавӣ)*100% (андозаи нафақаи заминавӣ банди б) моддаи 31) =357,5 сомонӣ.

357,5 сомонӣ (андозаи нафақаи заминавӣ)*50% (иловапули аз андозаи нафақаи заминавӣ банди в) моддаи 39) =178,75 сомонӣ.

Нафақаи Қодирова Н. аз 1 сентябри соли 2025 бо назардошти иловапули ба андозаи 536,25 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

8.Тартиби индексатсияи нафақаи иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо мисолҳои шартӣ.

8.1. Қурбонов Раҷаб-маъюби гуруҳи 2 Ҷанги Бузурги Ватани солҳои 1941-1945 буда, то 1 сентябри соли 2025 андозаи нафақаи ӯ дар якҷояги бо иловапулиҳои тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида 1612,08 сомониро ташкил менамуд.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад.

1072 сомонӣ 50 дирам -(3 ҳадди ақали нафақа мувофиқи моддаи 30/3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»+268,13 сомонӣ (75% ҳадди ақали нафақа моддаи 31-банди к Қонуни мазкур) »+178,80 сомонӣ (50% ҳадди ақали нафақа моддаи 31-б Қонуни мазкур)+20 сомонӣ (иловапули тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2002, №879)+15 сомонӣ (иловапули тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2003, №1173)+30 сомонӣ (иловапули тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2005, №1548)+100 сомонӣ (нафақаи Президенти тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2006, №1735)+60 сомонӣ ва (иловапули тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2009, №302)+5 сомони 83 дирам барои сузишвори=1750 сомонӣ 26 дирам.

Нафақаи Қурбонов Р. аз 1 сентябри соли 2025 бо назардошти иловапули ба андозаи 1750,26 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

8.2. Шарипов Баҳодур-заҳматкаши ақибгоҳ буда, то 1 сентябри соли 2025 андозаи нафақаи ӯ дар якҷояги бо иловапулиҳои тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 897,77 сомониро ташкил менамуд.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад.

893,75 сомонӣ-(2,5 ҳадди ақали нафақа мувофиқи моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»+53,63 сомонӣ (15% ҳадди ақали нафақа аз руи синну сол иловапули тибқи моддаи 18-и Қонуни мазкур, мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 сомони аз 18.04.2005, №1548 ва барои собиқаи кори зиёд аз 25 соли кори моддаи 16-и Қонуни мазкур яъне 3,57х2 соли собикаи кори =7,14 дар маҷмуъ=984,52 сомонӣ.

Нафақаи Шарипов Б. аз 1 сентябри соли 2025 бо назардошти иловапули ба андозаи 984,52 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

8.3. Носири Хусрав-маъюби гуруҳи 2- чернобел буда, то 1 сентябри соли 2025 андозаи нафақаи ӯ дар якҷояги бо иловапулиҳои тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1462,50 сомониро ташкил менамуд.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад.

1072,50 сомонӣ-(3 ҳадди ақали нафақа мувофиқи моддаи 30/3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»+536,25 сомонӣ (150% ҳадди ақали нафақа аз руи синну сол иловапули тибқи моддаи 31-банди г Қонуни мазкур=1608,75 сомонӣ.

Нафақаи Носири Х. аз 1 сентябри соли 2025 бо назардошти иловапули ба андозаи 1608,75 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

8.4. Даврон Муминов -маъюби гуруҳи 2- Авгонистон буда, то 1 сентябри соли 2025 андозаи нафақаи ӯ дар якҷояги бо иловапулиҳои тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1137,50 сомониро ташкил менамуд.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад.

1072,50 сомонӣ-(3 ҳадди ақали нафақа мувофиқи моддаи 30/3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»+178,75 сомонӣ (50% ҳадди ақали нафақа аз руи синну сол иловапули тибқи моддаи 31-б Қонуни мазкур=1251,25 сомонӣ.

Нафақаи Даврон М. аз 1 сентябри соли 2025 бо назардошти иловапули ба андозаи 1251,25 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

9.Тартиби индексатсияи нафақаҳои суғуртавӣ

бо мисолҳои шартӣ.

9.1. Юсупов Вафо- ба номбурда соли 2018 бо назардошти собиқаи суғуртавии пурра 35 сол ё (420 моҳ) дар асоси шарт ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол таъин гардида то 1 сентябри соли 2025 бо назардошти зиёдшавӣ фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 882,18 сомонӣ пардохт гардид.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи суғуртавии номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад.

882,18 сомонӣ ( андозаи амалкунандаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол) + 88,21 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 882,18*10% = 970,39 сомонӣ.

Андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну соли Юсупов В. аз 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 970,39 сомонӣ баробар карда мешавад.

9.2. Сафарова Гулистон- ба номбурда соли 2014 бо назардошти собиқаи суғуртавии пурра 20 сол ё (240 моҳ) дар асоси шарт ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол таъин гардида то 1 сентябри соли 2025 бо назардошти зиёдшавӣ фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 480 сомонӣ пардохт гардид.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи суғуртавии номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад.

480 сомонӣ ( андозаи амалкунандаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол) + 48 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 480*10% = 528 сомонӣ.

Андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну соли Сафарова Г. аз 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 528 сомонӣ баробар карда мешавад.

9.3. Давлатова Шарифгул- ба номбурда соли 2017 бо назардошти собиқаи суғуртавии пурра 25 сол ё (300 моҳ) дар асоси шарт ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол таъин гардида то 1 сентябри соли 2025 бо назардошти зиёдшавӣ фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 665 сомонӣ пардохт гардид, ки аз ин маблағ 650 сомонӣ қисми суғуртавӣ ва 15 сомонӣ қисми захиравӣ яъне андухти мебошад.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи суғуртавии номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад.

650 сомонӣ ( андозаи амалкунандаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол) + 65 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 650*10% = 715 сомонӣ.

15 сомонӣ қисми захиравии Давлатова Ш. бе тағир мононда ба нафақаи суғуртавии ӯ ҷам карда мешавад.

715 сомонӣ (андозаи амалкунандаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол пас аз индексатсия)+15 сомонӣ =730 сомонӣ.

Андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну соли Давлатова Ш. аз 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 730 сомонӣ баробар карда мешавад.

9.4. Назирбиби Давлатшоева (сокини ноҳияи шуғнон) - ба номбурда моҳи окябри соли 2015 бо назардошти собиқаи суғуртавии пурра 30 сол ё (360 моҳ) дар асоси шарт ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол таъин гардида то 1 сентябри соли 2025 бо назардошти зиёдшавии фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 580 сомонӣ пардох гардид.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи суғуртавии номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад.

580 сомонӣ ( андозаи амалкунандаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол) + 58 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 580*10% = 638 сомонӣ.

Андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну соли Назирбиби Д. аз 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 638 сомонӣ баробар карда мешавад.

9.5. Ҷобиров Тоҷ - ба номбурда моҳи ноябри соли 2022 бо назардошти собиқаи суғуртавии пурра 25 сол ё (300 моҳ) дар асоси шарт ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақаи суғуртавӣ ҳамчун маъюби гурӯҳи 2 таъин гардида то 1 сентябри соли 2025 бо назардошти зиёдшавии фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 450 сомонӣ пардохт гардид.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи суғуртавии номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад.

450 сомонӣ (андозаи амалкунандаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ) + 45 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 450*10% = 495 сомонӣ.

Андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ Ҷобиров Т. аз 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 495 сомонӣ баробар карда мешавад.

9.6. Юсупов Вафо - ба номбурда моҳи августи соли 2023 бо назардошти собиқаи суғуртавии пурра 27 сол ё (324 моҳ) дар асоси шарт ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол таъин гардида то 1 сентябри соли 2025 бо назардошти зиёдшавии фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 871 сомонӣ пардохт гардид.

Номбурда дар асоси банди б) моддаи 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» 100 фоизи нафақаи заминавӣ яъне 325 сомонӣ иловапули ба шахсоне, ки на камтар аз 15 сол собиқаи хизмати давлатӣ доранд муқаррар карда шудааст.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи суғуртавии номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад.

546 сомонӣ (андозаи амалкунандаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол) + 54,6 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 546*10% = 600,60 сомонӣ.

Дар баробари ин, андозаи иловапули низ вобаста ба зиёдшавии андозаи нафақаи заминавӣ зиёд карда мешавад.

357,5 сомонӣ (андозаи нафақаи заминавӣ)*100% (андозаи иловапули) =357,5 сомонӣ.

Андозаи нафақаи суғуртавии Юсупов В. аз 1 сентябри соли 2025 бо назардошти иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ба андозаи 958,10 сомонӣ баробар карда мешавад.

9.7. Ҷалилова Таборак - ба номбурда моҳи феврали соли 2025 бо назардошти собиқаи суғуртавии пурра 32 сол ё (384 моҳ) дар асоси шарт ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол ба андозаи 822,86 сомонӣ таъин карда шудааст.

Номбурда дар асоси банди б) моддаи 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» 100 фоизи нафақаи заминавӣ яъне 325 сомонӣ иловапули ба шахсоне, ки на камтар аз 15 сол собиқаи хизмати давлатӣ доранд муқаррар карда шудааст. Андозаи нафақаи номбурда то 1 сентябри соли 2025 дар маҷмӯъ 1147,86 сомониро ташкил менамуд.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи суғуртавии номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад, яъне андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бе тағйир мононда андозаи иловапули низ вобаста ба зиёдшавии андозаи нафақаи заминавӣ зиёд карда мешавад.

357,5 сомонӣ (андозаи нафақаи заминавӣ)*100% (андозаи иловапули) =357,5 сомонӣ.

Андозаи нафақаи суғуртавии Ҷалилова Т. аз 1 сентябри соли 2025 бо назардошти иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ба андозаи 1180,36 сомонӣ баробар карда мешавад.

9.8. Раҳимова Хиробон - ба номбурда бинобар вафоти шавҳараш моҳи ноябри соли 2015 барои 1 нафар аъзои ғайри қобили меҳнати оила мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» бо назардоштаи собиқаи суғуртавӣ марҳум шавҳараш нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон бо назардошти зиёдшавии фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 741 сомонӣ таъин карда шудааст.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи суғуртавии номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад.

741 сомонӣ (андозаи амалкунандаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ) + 74,10 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 741*10% = 815,10 сомонӣ.

Андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробони Раҳимова Х. аз 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 815,10 сомонӣ баробар карда мешавад.

9.9. Фатоева Малика - ба номбурда бинобар вафоти шавҳараш моҳи феврали соли 2018 барои 3 нафар аъзои ғайри қобили меҳнати оила мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» бо назардоштаи собиқаи суғуртавӣ ва музди меҳнати марҳум шавҳараш нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон бо назардошти зиёдшавии фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1014 сомонӣ таъин карда шудааст.

Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаи суғуртавии номбурда бо чунин тартиб индексатсия карда мешавад.

1014 сомонӣ (андозаи амалкунандаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ) + 101,4 сомонӣ (10 фоиз аз андозаи нафақаи муқарраршуда) 1014*10% = 1115,4 сомонӣ.

Андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробони Фатоева М. аз 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 1115,4 сомонӣ баробар карда мешавад.

10.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

10.1. Дар Дастурамали мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №113 «Дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025, №962» мисолҳои шартӣ (интихобӣ) барои ҳолатҳои алоҳидаи дахлдор оварда шудаанд. Ҳолатҳои дигари тартиби индексатсияи нафақаҳо, ки дар Дастурамал бо мисолҳо фаро гирифта нашудаанд, бо риояи меъёрҳо ва муқаррароти пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори соҳа амалӣ карда мешаванд.