Тартиби гирифтани маблағи гуру чуб
Маблағи гуру чуб мутобиқи банди 9 “Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат”, ки бо қарори ҲҶТ аз 02.0.2013с, №293 тасдиқ гардидааст, амалӣ мегардад.
3. Тартиби муроҷиати аъзои оилаи камбизоат барои гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн
9. Аъзои оилаи камбизоате, ки маросими дафни шаҳрвандонро анҷом додааст, барои гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн бо ариза ба раёсати (шӯъбаи) Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои истиқомати худ муроҷиат менамояд. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709):
- нусхаи шиносномаи аризадиҳанда;
- маълумотномаи муассисаи тиббӣ оид ба вафоти шаҳрванд;
- маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба камбизоатии оилаи шахси фавтида.
11. Ариза барои гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн аз ҷониби мақоми дахлдор дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи баъди бақайдгирии он баррасӣ карда мешавад.
12. Мақоми ваколатдор вазифадор аст, ки дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз аризадиҳандаро дар хусуси қарори худ расман огоҳ намояд.
13. Кӯмакпулӣ барои дафн дар сурате пардохт карда мешавад, ки агар муроҷиат барои он дар мӯҳлати на дертар аз шаш моҳ пас аз рӯзи вафоти шаҳрванд сурат гирифта бошад.