Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Тартиби пардохти андози иҷтимоӣ

14 август 2025, Панҷшанбе
81

Мутобиқи моддаи 334 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртакунандагон андози иҷтимоиро то санаи 15-уми моҳи баъди давраи андоз ба буҷет пардохт карда мешавад.

Андози иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва ташкилотҳои ба онҳо баробаркардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар хизмати давлатӣ қарор доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа то санаи 15-уми баъди семоҳаи ҳисоботӣ пардохт карда мешавад.

Суғурташавандагон эъломияи ягона оид ба андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромадро ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии худ пешниҳод намуда, маблағи андозро ҳар моҳ то 15-уми моҳи баъди моҳи ҳисоботӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ месупоранд.

Назорати пардохти андози иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоти андоз амалӣ карда мешавад.