МЕДАЛИ ХИЗМАТИ ШОИСТА МУБОРАК БОШАД!
25-уми августи соли равон дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.
Дар ин маросим, Музофирзода Аъзам Зарифбек, сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва Шодизода Маҳбуба Темур, сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Хуҷанд барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонда шуданд.
Ба ин муносибат аҳли кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Музофирзода Аъзам Зарифбек ва Шодизода Маҳбуба Темурро самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон бурдборӣ орзу менамоянд.
