Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Э Ъ Л О Н

27 август 2025, Чоршанбе
188
РАЁСАТИ АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
1.Сармутахассиси бахши тарҳрезии буҷети Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - 1 ҷой;
2.Сармутахассиси шуъбаи таъини қисми суғуртавии нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Истаравшан- 1 ҷой;
3.Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ- 1 ҷой;
4.Сармутахассиси бахши хизматрасонии нафақагирони Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ -1 ҷой;
5.Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров- 1 ҷой;
6.Сармутахассиси бахши кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -1 ҷой;
7.Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон – 1 ҷой;
8. Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент – 1 ҷой;
9.Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд- 1 ҷой;
Талаботи тахассусӣ барои довталабон, ба мансаби сармутахассис:
-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд, Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Истаравшан, Шуъбаи Агентӣ дар ноҳияи Айнӣ, Раёсати Агентӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шуъбаи Агентӣ дар шаҳри Гулистон, Раёсати Агентӣ дар шаҳри Панҷакент ва Раёсати Агентӣ дар шаҳри Хуҷанд 1902,40 сомонӣ ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансаби сармутахассисони, сармутахассиси Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд 1995,20 сомонӣ , сармутахассиси ММБИ-и дар шаҳри Истаравшан 1902,40 сомонӣ, сармутахассисони Раёсати Агентӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Айнӣ 1809,60 сомонӣ, сармутахассисони Раёсати Агентӣ дар шаҳрҳои Гулистон, Панҷакент ва Хуҷанд 1902,40 ва иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
10. Мутахассиси пешбари бахши коркарди суратҳисобҳои Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Истаравшан- 1 ҷой;
11. Мутахассиси пешбари шуъбаи бақайдгирии шахсони воқеии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Хуҷанд- 1 ҷой;
12. Мутахассиси пешбари шуъбаи коркарди суратҳисобҳои Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳри Хуҷанд-1 ҷой;
13. Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳри Хуҷанд-1 ҷой;
14. Мутахассиси пешбари шуъбаи таъини қисми суғуртавии нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳри Истаравшан – 1 ҷой;
15.Мутахассиси пешбари бахши хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан – 1 ҷой;
16. Мутахассиси пешбари бахши баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Бахши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол -1 ҷой;
17. Мутахассиси пешбари бахши кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара -1 ҷой;
18. Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой;
19. Мутахассиси пешбари бахши хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой;
20. Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен – 1 ҷой;
Талаботи тахассусӣ барои довталабон, ба мансаби мутахассиси пешбар:
-таҳсилоти олии иқтисодӣ;
-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Раёсатҳои Агентӣ дар шуъба ва бахши Агентӣ дар шаҳрҳои Истиқлол, Исфара, Истаравшан ва Мастчоҳ ба танзим медароранд;
Маоши мансабӣ мутахассисони пешбари ММБИ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, 1554,40 сомонӣ, мутахассиси пешбари РАСИН-и шаҳрҳои Исфара, Истиқлол ва Истаравшан 1554,40 сомонӣ, мутахассиси пешбари РАСИН-и ноҳияи Мастчоҳ ва Спитамен – 1484,80 ва иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
21.Мутахассиси шуъбаи таъини қисми андухти нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой;
22. Мутахассиси шуъбаи таъини қисми суғуртавии нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳри Хуҷанд – 1 ҷой;
23.Мутахассиси бахши таъини қисми андӯхти нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Истаравшан- 1 ҷой;
24. Мутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан – 1ҷой;
Талаботи тахассусӣ барои довталабон, ба мансаби мутахассис:
-таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбии иқтисодӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан, Раёсатҳои Агентӣ дар шаҳри Истаравшанро ба танзим медарорад;
Маоши мансабӣ мутахассиси ММБИ шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан, 1276,00 сомонӣ, Раёсатҳои Агентӣ дар шаҳри Истаравшан 1276,00 сомонӣ иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
-аризаи шахсӣ ба номи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;
-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, баъди чопи аввалини эълон дар муҳлати 21 рӯз дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Фирдавсӣ №120, ошёнаи 3, утоқи бахши ҳуқуқ, корҳои кадрӣ ва корҳои махсуси Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Суғд, телефон ва факс 6-58-03, суроғаи электронӣ rasin.kadr@yandex.ru